Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Русия ба самти Донбасс дар ҳаракатанд. Вазъи вахими Мариупол


Луҳанск
Луҳанск

Нерӯҳои Русия пеш аз оғози амалиёти барномарезишуда дар Донбасс, ба ҳаракат ба самти шарқи Украина идома додаанд.

Вазъи шаҳри бандарии Мариупол печида аст ва аз кушта шудани ҳазорон ғайринизомӣ гузоришҳо мерасад. Нерӯҳои русӣ барои тасарруфи пурраи Мариупол дар ҳоли ҳаракатанд.

Фармондеҳони украинӣ ва мақомоти ғарбӣ мегӯянд, ки Русия ҳамчунон ба тағйири ҷойи ҳузури нерӯҳояш аз минтақаҳое дар шимоли Киев ва Беларус ба сӯи Харков ва минтақаи Донетск ва Луҳанск -- ҷое, ки аз соли 2014 ба ин тараф ҷанг ҷараён дорад, идома додааст.

Мақомот интизор доранд, ки Русия амалиёти наверо эҳтимолан ба ҳадафи тасарруфи минтақаҳои боқимонда дар қаламрави Донетск ва Луганск, ки ҳанӯз зери назорати нерӯҳои Украина аст, оғоз кунад.

Мақомоти Вазорати дифои Амрико рӯзи 11-уми апрел гуфтанд, ки теъдоди нерӯҳои русӣ дар атрофи минтақаи Донбасс, ба шумули наздикии шаҳраки Изюм, афзудааст. Тибқи гузоришҳо, ин шаҳрак ҳафтаи гузашта ба дасти нерӯҳои Русия афтод.

Як мақоми Вазорати дифои Амрико, ки номаш фош нашудааст, афзуд, гумон меравад беш аз 60 гурӯҳи ҷангии рус аз Херсон ба шимолу шарқ дар Донбасс дар наздикии марзи Русия ҷобаҷо шудаанд.

Маскав ҳамчунин як генералро фармондори Донбасс таъйин кардааст. Иқдоме, ки ба гуфтаи мақомоти ғарбӣ ба назар мерасад ба ҳадафи ҳалли сардаргумӣ ва иштибоҳҳое бошад, ки дар марҳилаи аввали ҷанг домангири нерӯҳои Русия шудааст.

Шаҳри бандарии Мариупол аз ҳафта ба ин тараф дар муҳосираи нерӯҳои Русия қарор дорад. Нерӯҳои русӣ бо нерӯҳои украинӣ дар ҳоли набарди кӯча ба кӯча ҳастанд.

XS
SM
MD
LG