Мудири корхонаи "Роҳи оҳани Қирғизистон" Азамат Соқиев рӯзи 12-уми апрел гуфт, ки то соли 2023 тариқи роҳи оҳан аз Қирғизистон ба Русия мусофир бурда нахоҳад шуд.
Вай илова кард, гуфтугӯҳо бо ҷониби Русия идома доранд ва баъзе аз шаҳрҳои Русия барои ҳамлу нақли мусофирон иҷоза додаанд.
"Фикр мекунам, то охири моҳи апрел равуоро дар баъзе аз самтҳо фаъол мегардонем. Айни замон аз Бишкек ба Самара, Қазон ва Новосибирск иҷозаи ҳаракат ҳаст. Рӯзи 5-уми апрел ҳамкорони мо дар Маскав гуфтугӯ доштанд, аммо дар онҷо ҳоло таҷдиди роҳи оҳан идома дорад ва ҳаракати қаторҳо аз кишварҳои дигар низ манъ шудааст. То соли 2023 тариқи роҳи оҳан ба шаҳри Маскав мусофиркашонӣ сурат нахоҳад гирифт," -- гуфт Соқиев.
Аз 25-уми марти соли 2020 дар робита ба паҳншавии вабои коронавирус равуои қаторҳои мусофиркашонӣ аз Қирғизистон ба Русия манъ шудааст.