Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори дувоздаҳум дар Душанбе Ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад


Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

16-уми апрел дар Душанбе Ниммарафони XII байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт доир мегардад. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ дар баробари варзишгарони тоҷик давандаҳои ҳирфаӣ аз кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо тасмими раиси шаҳри Душанбе сар аз соли 2010 барпо мегардад, баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ дошта доир мешавад.

Шаҳрдорӣ барои баргузории Ниммарафони XII байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои Бунёди рушди пойтахт 611530 сомонӣ (беш аз 48 ҳазор доллари ИМА) ихтисос додааст.

Маблағи ҷоизаҳои Ниммарафони XII байналмилалӣ 446160 сомониро ташкил медиҳад. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни мардон ва занон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд: ҷои 1-ум - 54600 сомонӣ, ҷои 2-юм - 46800 сомонӣ, ҷои 3-юм - 39000 сомонӣ, ҷои 4-ум - 31200 сомонӣ, ҷои 5-ум - 28080 сомонӣ, ҷои 6-ум - 23400 сомонӣ.

Бояд гуфт, ки Ниммарафони байналмилалӣ аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст. Вале соли 2020 Ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.

Соли 2021 Ниммарафони XI байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 17-уми апрел дар Душанбе доир гардад, бо пирӯзии давандаҳо аз Узбекистон ва Қирғизистон ба анҷом расид.

Дар байни мардон Шоҳрух Давлатов аз Узбекистон ғолиб шуд. Фенте Ҷирма аз Эфиопия ҷои дувум ва Адилет Хиштагбеков аз Қирғизистон ҷои севумро гирифтанд. Се варзишгари тоҷик - Ғайрат Олимов ҷои чорум, Меҳроб Одинаев ҷои панҷум ва Аъзамҷон Давлатов ҷои шашумро соҳиб шуданд.

Дар сабқати занон Даря Маслова аз Қирғизистон ғолиб омад. Зимнан, ин ғалабаи чоруми Маслова дар ниммарафони Душанбе буд. Ҷои дувум насиби Вероника Гришина аз Узбекистон гардид. Ҷои севумро Зулҳиҷа Ғаффорзода аз Тоҷикистон азони худ кард. Инчунин се ҷои минбаъадаро варзишгарони тоҷик Маҳина Баротова (ҷои чорум), Раҷабмоҳ Абдуллоева (ҷои панҷум) ва Нодира Мирзоева (ҷои шашум) касб намуданд.

Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар ёдаҳ даври ниммарафони байналмилалӣ ҷойи севум миёни занон ва ҷойи чорум миёни мардон мебошад. Зулҳиҷа Ғаффорзода соли гузашта миёни занон мақоми севумро соҳиб шуд. Пеш аз Ғайрат Олимов, ки соли 2021 ҷои чорумро гирифт, Ҳасан Ғаффоров ду бор (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ҷои чорумро соҳиб шуда буд.

Имсол низ барои иштирок дар Ниммарафони байналмилалӣ варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва шаҳрҳои дӯсту ҳамкор даъват шудаанд.

Ҳамчунин соли равон наврасон низ имкони иштирок дар мусобиқаро доранд. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе наврасони 8-10-сола дар масофаи 3 км, 10-12-сола дар масофаи 5 км ва 12-15-сола дар масофаи 8 км рақобат мекунанд.

Ғолибони Ниммарафони байналмилалии Душанбе (солҳои 2010-2019, 2021):

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Узбекистон)

2013 – Андрей Петров (Узбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)


2021 — Даря Маслова (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG