Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон чандин қудратии пешинро дастгир карданд


Алмато, моҳи январи 2022
Алмато, моҳи январи 2022

Додситонии кулли Қазоқистон хабар дода, ки сардорони пешини департаментҳои пулис ва амнияти миллиро дар се минтақаи ин кишвар бо гумони иштирок дар гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ дастгир кардааст.

Намояндаи Додситонии кулли Қазоқистон Елдос Килимжанов 11-уми апрел дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, додситонҳои махсус муайян карданд, ки дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол 12 гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ иштирок доштанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир 23 узви гуруҳҳои ҷиноӣ, аз ҷумла чаҳор соҳибнуфузи олами ҷиноӣ, дастгир карда шудааст.

Намояндаи додситонӣ афзуда, ки сардорони департаментҳои пулис ва амнияти миллӣ дар вилоятҳои Алмато, Ҷамбил ва Қизилордаи Қазоқистон ҳам дастгир карда шудаанд.

Килимбетов рӯзи 4-уми апрел хабар дода буд, ки 10 сокини вилояти Алмато бо гумони иштирок дар бетартибиҳои моҳи январ боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG