Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба консулгарии Эрон дар Ҳирот дар эътироз ба "бадрафторӣ бо муҳоҷирони афғон"


Шуморе аз эътирозгарони афғон, ки ба "бадрафторӣ алайҳи муҳоҷирони ин кишвар дар Эрон" эътироз доштанд, рӯзи душанбеи 11-уми апрел дарвозаи вурудии Консулгарии Эрон дар шаҳри Ҳиротро оташ заданд. Ҳамзамон гурӯҳе аз эътирозгарон рӯзи душанбе дар муқобили Сафорати Эрон дар Кобул ҷамъ омаданд ва алайҳи Ҷумҳурии исломӣ шиор доданд. Тибқи гузоришҳои расида, тазоҳургарон пас аз тирандозии ҳавоии Толибон пароканда шуданд.

Аксҳо ва видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки эътирозгарон ба намояндагиҳои дипломатии Эрон сангпартоӣ мекунанд, дурбинҳои амниятиро мешикананд ва дарвозаи вурудии Консулгарии Эрон дар Ҳиротро ба оташ мекашанд.

Хабаргузории "Франс-пресс" гузориш додааст, ки эътирозҳо пас нашри видеое аз латукӯби муҳоҷирони афғон аз сӯи пулиси Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт ва эътирозгарон дар рӯбарӯи консулгарии Эрон дар Ҳирот шиори "Марг ба Эрон" додаанд.

Тибқи ин гузориш, пас аз ба қудрат расидани Толибон, шумораи муҳоҷирони афғон дар Эрон ба панҷ миллион нафар расидааст.

Ин гузориш мегӯяд, "дар яке аз видеоҳо пулиси Эрон як муҳоҷири афғонро дар як утоқ латукӯб мекунад ва дар навори дигар шуморе аз мардум як муҳоҷири афғонро дар рӯи замин мекашанд ва латукӯб мекунанд". Ин хабаргузорӣ мегӯяд, сарчашма ва ҷойи рух додани ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест.

Аз сӯи дигар, рӯзҳои ахир ҷаримаи он коргарони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ ҳузур доранд, дар Эрон афзоиш ёфтааст. Ин масъала боиси нигаронии муҳоҷирони афғон дар Эрон шудааст.

Ҳамчунин баъд аз ҳодисаи ҳамла бо корд ба се талабаи эронӣ дар Машҳад аз сӯи як шаҳрванди узбектабори Афғонистон, шуморе аз муҳоҷирони афғон аз афзоиши озор ва азияти худ дар Эрон хабар дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки шуморе аз фаъолони маданӣ дар баробари сафорати Эрон дар Кобул ҷамъ омада ва хостори поён ёфтани "бадрафториҳо бо афғонҳо дар Эрон" шуданд. Ин фаъолон "бадрафтории ахири пулиси Эрон бо афғонҳо"-ро "нақзи ошкори ҳуқуқи башар" хонданд.

Қарор буд рӯзи душанбе як ҳамоиши эътирозии занон низ дар Кобул баргузор шавад, аммо ба сабабҳои номаълум доир нашуд.

Дар ҳамин ҳол, Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон бо Сафири Эрон дар Кобул дидор кардаанд.

Дар эъломияи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон омадааст, ки оқои Муттақӣ дар мулоқот бо Баҳодур Аминиён, сафири Эрон дар Кобул, нигарониҳои худро дар бораи "рафторҳои бад бо афғонҳо дар Эрон" дар миён гузошт ва хостори пешгирӣ аз он шуд.

Дар ин эъломия ба нақл аз сафири Эрон омадааст, "пас аз он, ки дар Ҳарами муқаддаси Имом Ризо ду рӯҳонӣ бо корд кушта ва як нафар захмӣ шуд, бархе гурӯҳҳои мухолиф дар як тавтеаи барномарезишуда, таблиғоти манфиро дар расонаҳо ба ҳадафи эҷоди нафрат ва беэътимодӣ байни мардуми кишварҳои дӯст ва ҳамсоя роҳандозӣ карданд".

Дар ин эъломия омадааст, ки Сафири Эрон дар Кобул ҳамчунин гуфтааст, ки "ҳукумати вай қасди рафтори бад бо муҳоҷирони афғонро надорад ва ҳамеша талош хоҳад кард, то робитаҳои наздик байни ду кишварро ҳифз кунад".

Аз сӯи дигар Ҳомид Карзай низ дар дафтари худ бо Сафири Эрон мулоқот ва дар бораи робитаҳои дуҷониба ва ҳодисаҳои ахир гуфтугӯ кардааст. Дар эъломияи дафтари Ҳомид Карзай омадааст, ки ду тараф бар робитаҳои худ ва эҳтироми якдигар таъкид кардаанд.

Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи душанбе дар вокуниш ба гирдиҳам омадани мардум дар назди намояндагиҳои дипломатии Эрон эълон кард, ки ҳифз ва амнияти ин ҷойҳо, масъулияти қатъии ҳукумати Толибон аст.

XS
SM
MD
LG