Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии дуюмаш дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 аз бошгоҳи «Шарҷа»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.
Ин бозӣ шаби 11-ум ба 12-уми апрел дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳди шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир гардид.
Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи “Истиқлол” ба поён расид. Тӯбро Манучеҳр Ҷалилов, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 29-ум ба самар расонид. Ӯ аз назди дарвоза тӯбро ба ҳадаф расонд.
Дар нимаи дуюми дидор, дар муддати се дақиқа (54-ум ва 57-ум), футболбозони “Шарҷа” Кайо Лукас Фернандес ва Бернард Анисио ба дарвозаи “Истиқлол” ду гол заданд. Як гол аз масофаи дур бо зарбаи сахту нишонрас ва дигаре аз ҷаримагоҳ зада шуд.
Ба ин тартиб, дастаи “Истиқлол” бозии дуюмашро дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 ба бошгоҳи «Шарҷа» бо ҳисоби 1:2 бохт.
“Истиқлол” дар даври аввали сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 аз бошгоҳи «Ал-Райён»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрда буд.
Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи “А” рӯзи 11-уми апрел бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ дастаи «Ал-Райён»-и Қатарро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.
«Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври сеюми сабқати гурӯҳӣ рӯзи ҷумъа, 15-уми апрел, бо бошгоҳи “Ал-Ҳилол”, барандаи феълии Лигаи қаҳрамонҳо, бозӣ мекунад.
Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб то рӯзи 27-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Бозиҳо дар шаҳрҳои Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») барпо мегарданд.
Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022
Гурӯҳи «А». Даври 2-юм
«ШАРҶА» - «ИСТИҚЛОЛ» –– 2:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 29 (0:1). Кайо Лукас Фернандес, 54 (1:1). Бернард Анисио, 57 (2:1).
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Владислав Касминин, Искандар Ҷалилов, Никита Чичерин, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов (Ислом Зоиров, 78), Муҳаммад Исоев, Эрик Бокум, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 71).
Аз майдон хориҷ шуд: Холид Иброҳим Ал-Данҳанӣ («Шарҷа»), 85 – корти дуюми зард.
Сардовар: Азиз Осимов (Узбекистон).
11-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд. 54 тамошобин.
«АЛ-ҲИЛОЛ» – «АЛ-РАЙЁН » - 3:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
“АЛ-ҲИЛОЛ” (Арабистони Саудӣ) |
2 |
2 |
0 |
0 |
5-1 |
6 |
2 |
“ШАРҶА” (Имороти Муттаҳидаи Араб) |
2 |
1 |
0 |
1 |
3-3 |
3 |
3 |
“АЛ-РАЙЁН” (Қатар) |
2 |
1 |
0 |
1 |
3-5 |
3 |
4 |
“ИСТИҚЛОЛ” (Тоҷикистон) |
2 |
0 |
0 |
2 |
3-5 |
0 |
Даври 3-юм
15-уми апрел (ҷумъа)
«Шарҷа» – «Ал-Райён»
«Ал-Ҳилол» – «Истиқлол»
Даври 4-ум
19-уми апрел (сешанбе)
«Ал-Райён» - «Шарҷа»
«Истиқлол» – «Ал-Ҳилол»
Даври 5-ум
23-юми апрел (шанбе)
«Шарҷа» - «Ал-Ҳилол»
«Ал-Райён» – «Истиқлол»
Даври 6-ум
27-уми апрел (чоршанбе)
«Ал-Ҳилол» – «Ал-Райён»
«Истиқлол» – «Шарҷа»
Сафирони ғарб ба худ савол надоданд, ки агар ин гурӯҳи чинояткор мусаллаҳ намебуд, чӣ гуна афсари Алфа аз синааш кушта мешуд ?
18.05.2022 интернет дар Бадахшон қатъ гардидааст. Яъне ту деҳотӣ дур аз Бадахшон шарҳ навиштӣ, зеро дар Хоруғ мебудӣ шарҳ навишта наметавонистӣ барои, ки интернет қатъ буд. Пас, ту дур аз маҳалли нотинҷ , яъне дур аз хатар ба ҷони худ муаян мекунӣ, ки кӣ мардуми он минтақа чӣ мехоҳад? Ба назар мерасад аз дур ба шурандозӣ машғули
Ина ба ту *свиноферма*. Ин мардуми махалчи худшон намедонанд ки чи мехоханд. Дар хакикат ба кисми зиёди мардум душвор аст, лекин талаботи ин мардум ночо аст. Чиноятпешаора гам натен чи коре хоханд, анчом бтан. Аз пайи ду-се чиноятпеша хестану мардумро сарсон ва чомеаро ноором кардан, корест мутлако хато. Барои бехтар кардани шароити зист, муайё кардани шароити зиндагии арзанда, масъалаи маош ва нафака, ташкили чойои кори митинг кардан арзанда аст.
Ха бие хамаро бархам тим,амниятам,милисаям,вазиру казиру,муалиму,военкомату солдату духтуру ва хоказо..ро,Кабрда дарою хоб рав,ана хамончода гайр аз ту дигар кумита нест!
Durust, boyad hama muvofiqi konun amal kunem. Nashnida boshi agar ina aku bishnav az man ki talaboti mardumi jamomadai Xorugh va kishlokhoi girdu atrof ham hamin ast ki boyad hama az rui konun amal kunem, hej talaboti digare pesh ovarda nashudaast. Baroi hamin yak talaboti ba talabi xdt monand ba sarashon lashkar kashidand...