Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе мулоқоти гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон барпо шуд


Акс аз mfa.tj
Акс аз mfa.tj

Дар Душанбе гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11 апрел гуфт, ки ин гурӯҳҳо, ки ҳадафашон таъин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар мебошад, рӯзҳои 5 то 10-уми апрел мулоқот карда дар поёни ҷаласа як протокол ҳам имзо карданд. Дар хабар омадааст, ки бар асоси мувофиқаи ҷонибҳо, мулоқоти навбатии гурӯҳҳои ду кишвар дар Қирғизистон баргузор мешавад. Бо таъкид ба ин ки ин мулоқот “дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ” гузаштааст, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тафсилоти дигаре нашр намекунад. Аз ҷумла, гуфта нашуд, ки оё дар ҷараёни мулоқоти мазкур кадом пешравие дар нуқтаҳои баҳсии марзӣ ба даст омадааст ё на.

Моҳи феврали имсол нахуст Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин дар Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гуруҳи топографӣ ва баъдан Девони вазирони Қирғизистон гуфтанд, ки дар натиҷаи ҷаласаҳои гуруҳи топографии ду кишвар, ки аз 1-уми майи соли гузашта ҷараён доранд, 81 километр марз муайян шудааст.

акс аз mfa.tj
акс аз mfa.tj

Тоҷикистону Қирғизистон – ду ҳамсояи наздик 970 км марзи муштарак доранд ва то ҳол беш аз нисфи ин марз то охир муайян ва аломатгузорӣ нашудааст, даҳҳо километр хати марз дар мақоми баҳсӣ қарор доранд ва ин чиз боиси ҳар сари чанд вақт сар задани низову задухӯрдҳо мешавад. Пурхушунаттарин низоъ 28-уми апрели соли 2021 сар зад, ки се рӯз идома кард ва дар натиҷа, даҳҳо нафарро аз ҳарду тарафи марз куштаву маҷрӯҳ барҷой гузошт. Мизони эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни ҳам сокинони манотиқи марзӣ ва ҳам мақомоти ду кишвар то рафт камтар мешавад ва равобити сиёсии раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон ночиз ба назар мерасад. Вале бо ин вуҷуд ҳарду тараф гуфтаанд, ки идомаи муколамаҳои дипломатӣ ва корӣ барои муайян ва аломатгузорӣ шудани қитъаҳои баҳсии марзиро пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG