Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё дар Бишкек бо тими Афғонистон мусовӣ шуд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкеки Қирғизистон бо тими миллии Афғонистон бо ҳисоби мусовии 4:4 анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ин бозӣ рӯзи якшанбеи 10-уми апрел дар Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена»-и Бишкек баргузор шуд. Дар ибтидо ҳисоб 2:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон буд. Вале баъдан бозигарони тоҷик аз дарвозаи худ чаҳор гол сар доданд.

Дар охири бозӣ ба мунтахаби Тоҷикистон муяссар шуд, ду гол зада, ҳисобро баробар намояд. Ҳарду голро Идрис Ёров ба самар расонид. Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҳисоби 4:4 хотима ёфт.

Дар бозии дигари гурӯҳи «В» мунтахаби Узбекистон дастаи Непалро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод.

Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бозии дуюмашро имрӯз, 11-уми апрел, бо тими миллии Непал ва бозии сеюмашро 12-уми апрел бо дастаи Узбекистон баргузор мекунад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб, ки то 12-уми апрел дар Бишкек идома хоҳад кард, дар ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ сурат гирифтааст.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив дохиланд.

Бар асоси натиҷагирии бозиҳои интихобӣ аз минтақаи Марказ ва Ҷануб ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд. Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 16 дастаи зӯртарини қора иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Минтақаи Марказ ва Ҷануб. Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Тоҷикистон – Афғонистон – 4:4

Голҳо: Муҳаммадҷон Шарипов, 1 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 24 (2:0). Фарзод Маҳмудӣ, 25 (2:1). Абдулғаффор Содиқӣ, 26 (2:2). Идрис Ёров, 28 – ба дарвозаи худ (2:3). Ҳамид Ризо Ҳусайнӣ, 34 (2:4). Идрис Ёров, 37 (3:4). Идрис Ёров, 40 (4:4).

10-уми апрел. Бишкек. Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена». 150 тамошобин.

Узбекистон – Непал – 5:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Узбекистон

1

1

0

0

5-1

3

2

Афғонистон

1

0

1

0

4-4

1

3

Тоҷикистон

1

0

1

0

4-4

1

4

Непал

1

0

0

1

1-5

0

Даври 2-юм

11-уми апрел (душанбе)

10:00 – Непал – Тоҷикистон

13:00 – Афғонистон – Узбекистон

Даври 3-юм

12-уми апрел (сешанбе)

Узбекистон – Тоҷикистон

Афғонистон – Непал

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

Қирғизистон – Туркманистон – 1:3

Эрон – Молдив – 17:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

1

1

0

0

17-0

3

2

Туркманистон

1

1

0

0

3-1

3

3

Қирғизистон

1

0

0

1

1-3

0

4

Молдив

1

0

0

1

0-17

0

Даври 2-юм

11-уми апрел (душанбе)

Туркманистон - Эрон

Молдив - Қирғизистон

Даври 3-юм

12-уми апрел (сешанбе)

Туркманистон - Молдив

Эрон - Қирғизистон

XS
SM
MD
LG