Пайвандҳои дастрасӣ

 
Пешсафии "Истаравшан" ва "Хатлон" дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 
Хабари нав

Пешсафии "Истаравшан" ва "Хатлон" дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 


Дар даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 8-10-уми апрел баргузор шуд, чаҳор бозӣ доир гардид.

Бозӣ миёни ду дастаи пешсафи ҷадвали мусобиқа - «Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва “Хатлон”-и Бохтар - бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.

Дар бозии дигар “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ ба дарвозаи «Равшан»-и Зафаробод се голи беҷавоб зад. Клуби марказии варзишии артиши шаҳри Душанбе “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дар бозӣ миёни дастаҳои «Эсхата»-и Хуҷанд ва “Файзканд”-и Восеъ, ки дар шаҳри Истаравшан доир гардид, меҳмонон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 16-17-уми апрел баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе «Файзканд» бо «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Равшан»-и Кӯлоб бозӣ мекунанд. Рӯзи якшанбе ду бозии дигар миёни дастаҳои «Эсхата» - «Хатлон» ва «Равшан»-и Зафаробод - КМВА баргузор мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Эсхата» – «Файзканд» – 1:3

Голҳо: Амирҷон Сафаров, 10 (0:1). Оятулло Сафаров, 37 (0:2). Санҷар Рихсибоев, 67 – аз пеналти (1:2). Шавкати Ҳотам, 74 (1:3).

8-уми апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 4500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Хатлон» – 0:0

9-уми апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 10 000 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Равшан» (Зафаробод) – 3:0

Голҳо: Манучеҳр Аҳмадов, 59 – ба дарвозаи худ (1:0). Сергей Сканян, 64 (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 78 (3:0).

10-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 3000 тамошобин.

КМВА – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Иззатулло Рӯзиев, 32.

10-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

1

1

0

5-0

4

2

«Хатлон» (Бохтар)

2

1

1

0

3-1

4

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

3-1

3

4

КМВА (Душанбе)

1

1

0

0

1-0

3

5

«Эсхата» (Хуҷанд)

2

1

0

1

2-3

3

6

«Файзканд» (Восеъ)

2

1

0

1

3-6

3

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

0

1

1

2-3

1

8

«Равшан» (Зафаробод)

2

0

1

1

2-5

1

9

«Истиқлол» (Душанбе)

0

0

0

0

0-0

0

10

«Равшан» (Кӯлоб)

1

0

0

1

1-3

0

Голзанҳои пешқадам: Мбеке Сиябатчу Деудони, Отабек Зокиров (ҳарду аз «Истаравшан») – 2-тӯбӣ.

Даври 3-юм

16-уми апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Файзканд» – «Хуҷанд»

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» (Кӯлоб)

17-уми апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Хатлон» – «Эсхата»

«Равшан» (Зафаробод) – КМВА

XS
SM
MD
LG