Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти «Истиқлол» дар ибтидои Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 аз «Ал-Райён»-и Қатар


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар ибтидои сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 аз бошгоҳи «Ал-Райён»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ шаби ҷумъаи 8-уми апрел дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳди шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи сеюми бозӣ Шаҳром Сулаймонов, нимҳимоятгари «Истиқлол», боз кард. Зарбаи сахту ногаҳонии ӯ аз масофаи дур, тақрибан 18 метр, дарвозабони қатариҳо Фаҳад Юнусро маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.

Баъди панҷ дақиқа капитан ё сартими «Ал-Райён» Ёсин Браимӣ ҳисобро баробар намуд. Голи дуюми қатариҳоро Йоҳан Боли дар дақиқаи 44-ум аз назди дарвоза ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 66-ум, Муҳаммад Исоев, легионери узбекистонии «Истиқлол», ҳисобро баробар кард. Голи задаи ӯ ба голи аввали бозӣ шабоҳат дошт. Исоев тӯбро аз хати ҷаримагоҳ ба самар расонид.

Голи сеюм ва ҳалкунандаи қатариҳоро Йоҳан Боли дар дақиқаи 71-ум зад. Дар голҳои задаи қатариҳо, аслан, ҳимоятгарони «Истиқлол» айбдор буданд, ки дар ҷаримагоҳи даста ба муваффақ шудани рақибонашон имкони хуб фароҳам карданд.

Ба ин тартиб, дастаи “Истиқлол” аввалин бозиашро дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 ба бошгоҳи «Ал-Райён» бо ҳисоби 2:3 бохт.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” рӯзи 8-уми апрел бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ дастаи “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳилдаи Арабро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Қаҳрамони Тоҷикистон дар даври дуюм рӯзи сешанбе, 11-уми апрел, бо бошгоҳи «Шарҷа»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад.

Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб то рӯзи 27-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Бозиҳо дар шаҳрҳои Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») барпо мегарданд.

Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «АЛ-РАЙЁН» (ҚАТАР) – 2:3

Голҳо: Шаҳром Сулаймонов, 3 (1:0). Ёсин Браимӣ, 8 (1:1). Йоҳан Боли, 44 (1:2). Муҳаммад Исоев, 66 (2:2). Йоҳан Боли, 71 (2:3).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Темур Парсвания (Искандар Ҷалилов, 72), Аҳтам Назаров, Никита Чичерин, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Муҳаммад Исоев, Эрик Бокум, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 80).

Огоҳӣ: Шервонӣ Мабатшоев, Муҳаммад Исоев, Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Усома Обулела («Ал-Райён»).

Сардовар: Юсуке Араки (Ҷопон).

8-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«Ал-Ҳилол» – «Шарҷа» - 2:1

Даври 2-юм

11-уми апрел (душанбе)

«Шарҷа» - «Истиқлол»

«Ал-Райён» – «Ал-Ҳилол»

Даври 3-юм

15-уми апрел (ҷумъа)

«Шарҷа» – «Ал-Райён»

«Ал-Ҳилол» – «Истиқлол»

Даври 4-ум

19-уми апрел (сешанбе)

«Ал-Райён» - «Шарҷа»

«Истиқлол» – «Ал-Ҳилол»

Даври 5-ум

23-юми апрел (шанбе)

«Шарҷа» - «Ал-Ҳилол»

«Ал-Райён» – «Истиқлол»

Даври 6-ум

27-уми апрел (чоршанбе)

«Ал-Ҳилол» – «Ал-Райён»

«Истиқлол» – «Шарҷа»

XS
SM
MD
LG