Комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ 17 варзишгари тоҷикро барои дарёфти роҳхат ва омодагӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 аз ҷиҳати молӣ дастгирӣ хоҳад кард.
Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи “Дастгирии молии олимпӣ – Париж-2024” ба Кумитаи миллии олимпӣ ҳар моҳ маблағ дар ҳаҷми 7500 доллар ҷудо мегардад.
Барнома барои варзишгарон имкон фароҳам меорад, ки ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 талош кунанд. Маблағи ҷудошуда барои тамрин ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ нигаронида шудааст.
Ҳамин тариқ, 17 варзишгари тоҷик аз рӯи 6 намуди варзиш аз 1-уми январи соли 2022 то 31-уми августи соли 2024 аз дастгирии молии олимпӣ – Париж-2024 бархӯрдор мешаванд:
ҶУДО
Темур РАҲИМОВ, 800 доллари ИМА
Сомон МАҲМАДБЕКОВ, 800 доллари ИМА
Беҳрӯз ХОҶАЗОДА, 800 доллари ИМА
Ҷаҳонгир МАҶИДОВ, 400 доллари ИМА
Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА, 250 доллари ИМА
БОКС
Баҳодур УСМОНОВ, 800 доллари ИМА
Шаббос НЕЪМАТУЛЛОЕВ, 800 доллари ИМА
Миҷгона САМАДОВА, 250 доллари ИМА
Рӯҳафзо ҲАҚНАЗАРОВА, 250 доллари ИМА
Нилуфар БОБОЁРОВА, 250 доллари ИМА
ТАЕКВОНДО
Муҳаммадҳасан ШОҲМАҲМАДОВ, 300 доллари ИМА
Муниса ОЙМАТОВА, 250 доллари ИМА
Моҳрӯ ҲАЛИМОВА, 250 доллари ИМА
ГУШТИН
Фирӯз МИРЗОРАҶАБОВ, 400 доллари ИМА
Ватансултон ШАКАРШОЕВА, 250 доллари ИМА
ҚАЙИҚРОНӢ - КАНОЭ
Шаҳриёр ДАМИНОВ, 400 доллари ИМА
ШИНОВАРӢ
Екатерина БАРДАЧЕВА, 250 доллари ИМА
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?