Додгоҳи олии Покистон рӯзи панҷшанбеи 7-уми апрел порлумони парокандашудаи ин кишварро барқарор кард ва дастур дод, ки пас аз як ҳафтаи бесарнавиштӣ дар бораи тарҳи нобоварӣ ба нахуствазири ин кишвар, раъйдиҳӣ баргузор шавад.
Қарор буд намояндагони порлумони Покистон рӯзи якшанбеи 3-юми апрел дар бораи тарҳи нобоварӣ ба Имрон Хон, сарвазири он кишвар раъйдиҳӣ кунанд. Аммо муовини порлумон, ки мухолифонро ба "даст доштан дар як тавтеа бо як қудрати хориҷӣ барои барканории раҳбари Покистон" муттаҳам кард, монеи баргузории раъйдиҳӣ шуд.
Дар пай, рӯзи 3-юми апрел Ориф Алавӣ, раисҷумҳури Покистон, дар посух ба дархости нахуствазир Имрон Хон порлумони ин кишварро пароканда кард. Имрон Хон худи ҳамон рӯз дар суханронии телевизионӣ гуфт, аз раисҷумҳур мехоҳад, порлумон ва чаҳор маҷлиси иёлатиро пароканда кунад. Покистон аз чаҳор вилоят иборат аст.
Имрон Хон афзуд, пас аз он, ҳукумати сарпараст ташкил шуда, таърихи интихоботро таъин мекунанд, то ба гуфтааш, мардум дар мавриди ояндаи худ тасмим бигиранд. Ин иқдом ба ин маъно буд, ки интихобот бояд дар ҳудуди се моҳ баргузор шавад.
Ҳамаи панҷ додрас дар Додгоҳи олии Покистон рӯзи 7-уми апрел эълон карданд, ки пешгирӣ аз ин раъйдиҳӣ ва баъдан пароканда кардани порлумон, хилофи Қонуни асосӣ аст. Бар ин асос, додгоҳ дастур дод, ки рӯзи шанбеи 9-уми апрел дар порлумон раъйдиҳӣ барои нобоварӣ ба Имрон Хон бояд баргузор шавад.
Умар Ато Бандиёл, Додситони шаҳри Исломобод эълон кард, ки бар асоси дастури Додгоҳи олӣ, дар сурати раъй наовардани Имрон Хон, нахуствазири нав бояд дар зудтарин вақт интихоб шавад.
Ба назар мерасад, тасмими Додгоҳи олии Покистон ба як ҳафта нооромиҳои сиёсӣ дар ин қудрати ҳастаии Ҷануби Осиё поён диҳад.
Ин кашмакаши сиёсӣ дар ҳафтаи ахир ба буҳрон дар кишвари то андозаи демократӣ дар ҷаҳони ислом доман зад ва боис шуд, то пули миллии Покистон дар баробари доллар ба поинтарин ҳадди худ суқут кунад ва Бонки марказии ин кишвар барои коҳиши таварруми афзоянда, даст ба чораҳои бесобиқа бизанад.
Пароканда кардани порлумони Покистон дар ҳоле сурат гирифт, ки аксарияти аъзои он алайҳи нахуствазир буданд. Аз сӯе Имрон Хон ва ҳамчунин ноиби раиси порлумон ин вакилонро муттаҳам карданд, ки бо тавтеаи хориҷӣ бо раҳбарии Амрико, дар пайи барканории нахуствазир ҳастанд. Амрико ин иттиҳомро рад кардааст.
Нахуствазири Покистон мегӯяд, Амрико аз сафари ахири ӯ ба Маскав ва мавзеъгириҳояш дар бораи ИМА норозӣ аст ва қасд дорад ӯро аз қудрат берун кунад. Кохи Сафед ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико иддаои Имрон Хон барои тағйири ҳукумат дар Покистонро рад кардаанд.