Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш аз "таҳхонаи марг" дар Украина. ВИДЕО


Дар таҳхонаи лагери кӯдакона даҳҳо ҷасади кушташуда пайдо шуд

Дар таҳхонаи лагер ё урдугоҳи кӯдакона дар Украина ҷасадҳое ошкор шудааст, ки дастонашон дар пушт баста ва аз сарашон тир хурдаанд.

Мақомоти Украина гуфтанд, ин ҷиноятӣ ҷангӣ аст, ки аз сӯйи низомиёни рус содир шудааст. Мақомоти Русия инро иғво медонанд ва мегӯянд, ин саҳнаҳои бофта ҳастанд.

Борис Сачалко, хабарнигори “Настояшее время”, ки дар ин минтақа ҳузур дорад, мегӯяд: “Бо озод кардани минтақаҳои дар муҳосира буда, низомиёни Украинӣ ҳарчӣ бештар гӯрҳои дастаҷамъонаро пайдо мекунанд. Ин ҷо Буча аст. Дар ин ҷо замоне фароғатгоҳи тобистонаи кӯдакона буд, вале дар моҳҳои ахир ин ҷо зоҳиран ба як пойгоҳи низомиёни рус табдил ёфт. Дар ин ҷо, ин аломат дар шакли ҳарфи лотинии V хеле зиёд дида мешавад. Он дар мошин ва дигар техникаҳои сарбозони рус навишта шудааст. Дар таҳхонаи ин бино як гӯри дигари дастаҷамъиро пайдо карданд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Гузориш аз "таҳхонаи марг" дар шаҳри Бучаи Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Дастони ҷасадҳо дар пушт баста шудааст. Ҳамаи ин 5 нафар аз сар тир хурдаанд. Косахонаи сари бархе аз онҳо шикаста аст. Мақомоти Украина ин вашҳониятро амали ҷангӣ номиданд.

“Эҳтимол дар миёни ин кушташудаҳо, одамон хешовандони гумшудаи худро пайдо кунанд. Мо албатта тамоми ваҳшониятро нишон намедиҳем. Аммо тавре пулис мегӯяд, нишонаҳои махсусе вуҷуд доранд, мисли ранги муй ё пояфзолу либос, ки мешавад аз рӯйи он ҷасадро шиносоӣ кард.”,--мегӯяд, Борис Сачалко, хабарнигори “Настояшее время”.

Тақрибан 25 километр дуртар, дар ҷангал 4 ҷасади дигар пайдо шуд. Ҷасади як нафари дигар дар чоҳ партофта шуда буд. Ин кушташуда ҳам дар маҳали наздик ба деҳаи Мотижин ошкор шудааст. Ин ҷо ҷасади раиси деҳа ва оилаи ӯ хобидааст. Ин мард яке аз пайвандони ин хонавода аст.

“Онҳо мардуми осоишта, мардуми бесилоҳеро, ки ба касе хатар надоранд, кушта истодаанд. Ин фашизм аст. Онҳо мехоҳанд моро нобуд кунанд.”—мегӯд ин мард.

Ҷанги Русия бо Украина рӯзи 24-уми феврали имсол оғоз шуд ва ҳанӯз давом дорад. Садҳо нафар куштаву захмӣ ва миллионҳо нафар аз ин кишвар фирор карданд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG