Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Назди президент роҳам надоданд". Сокини Хуросон аз Раҳмон чӣ мехост? ВИДЕО


Оилаи ҷавони маълул мехоҳад, арзашро ба президенти Тоҷикистон расонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Оилаи ҷавони маълул мехоҳад, арзашро ба президенти Тоҷикистон расонад.

Мардеро, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нагузоштанд бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон суҳбат кунад, гуфт, “ба ду хоҳишаш солҳо боз мақомоти маҳаллӣ гуш намекунанд ва мехост онро ба раҳбари кишвар расонад.”

Рустам Каримов, сокини ноҳияи Хуросон, бо писари маъюбаш рӯзи 21-уми март ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рафт, то президентро бинад. Президент барои ширкат дар ҷашни Наврӯз ба ин ноҳия омада буд.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз президент мехост, ба писараш аробачаи маъюбӣ диҳад ва нафақаи ӯро баланд кунанд. Маҳмадраҳими 18-сола, писари ин мард, фалаҷ аст ва роҳ рафта наметавонад.

Рустам Каримов гуфт, ки дар нигоҳи бисёриҳо ин масъала “хеле хурд“ аст, вале барои хонаводаи ӯ, ки моҳе барои як халта орд пул намеёбанд, ҳали ин мушкил сарнавиштсоз мебошад. “Гуфтам, пеши президент дароям, милисаҳо намонданд. Боз хостам, аз дарвозаи поён дароям, вале нашуд. Хостам, ӯро дар роҳ бубинам, нашуд. Мақсадам барои аробачаи фарзандам ва барои боло бурдани нафақааш буд”,--гуфт ӯ.

Маъмулан, чун сокинон мушкилашон дар маҳали зист ҳал намешавад, талош мекунанд, онро ба президент расонанд, вале на ҳама ба мулоқоти президент роҳ меёбад. Дар сафарҳои худ Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон мулоқот мекунад, вале аксаран ба ин назаранд, ки ин "суҳбат"-ҳо аз пеш омода шудаанд ва дар онҳо ҳеҷ маъсалаи ҷиддӣ матраҳ намешавад.

Меҳриниссо Каримова, модари ин ҷавон мегӯяд, “мо ба раисони маҳалла ва ноҳия муроҷиат кардем, ки кумак кунанд, ба писарам аробача диҳанд, вале надоданд."

Ин оила манзили зисти худро надоранд ва дар хонаи як хешовандашон зиндагӣ доранд.

Орзушо Зуҳуров, як масъули ҳукумати ноҳияи Хуросон гуфт, ки дар доираи имконият ҳатман ба ин хонавода кумак мекунанд. “Гоҳо он чизе, ки мо кумак мекунем, қонеъ намешаванд, вале то андозае дастгирӣ мекунем“,--гуфт ӯ.

Дар як соли ахир беш аз 1400 нафар барои кумак ба ҳукумати ноҳияи Хуросон муроҷиат кардааст. Масъулини ҳукумат мегӯянд, ба дархости ҳамаи онҳо посух додаанд. Рустам Каримов мегӯяд, агар ба ӯ дасти кумак дароз мекарданд, ҳеҷ гоҳ талоши дидор бо президентро намекард.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG