Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бозии "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC бо "Ал-Райён"-и Қатар баргузор мешавад


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аввалин бозиашро дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 бо бошгоҳи «Ал-Райён»-и Қатар анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи ҷумъаи 8-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Пеш аз ин бозӣ, рӯзи 6-уми апрел, нишасти матбуотӣ доир гардид. Мубин Эргашев, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи «Истиқлол», ба хабарнигорон гуфт, «даста ба ин мусобиқа ҳамаҷониба омодагӣ дидааст, ҳамаи бозигарон дар ҳолати хуб қарор доранд. «Ал-Райён» рақиби ҷиддист, мо бозии душворро интизорем. Мақсади дастаи мо дар ин мусобиқа бомуваффақият бозӣ карда, мухлисонро шод намудан аст.»

Зимнан, Мубин Эргашев, ки муҷаввизи мураббии дараҷаи “Pro” дорад, дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 ба ҷои Виталий Левченко муваққатан ба ҳайси сармураббии дастаи “Истиқлол” фаъолият мекунад.

Дар нишасти хабарӣ, инчунин Манучеҳр Ҷалилов, капитан ё сартими “Истиқлол”, гуфт, «сарфи назар аз он ки нисфи ҳайати даста нав шуд, вазифаи мо як аст — аз гурӯҳ баромадан.»

Пеш аз оғози бозиҳои расмии мавсими футболи соли 2022 бошгоҳи “Истиқлол” дар сомонаи худ футболбозони нави бошгоҳро муаррифӣ кард. Ба ҳайати қаҳрамони даҳкаратаи Тоҷикистон даҳ футболбози нав шомил шуданд.

Бо ҳимоятгарон Владислав Касминин (Беларус), Никита Чичерин (Русия), Темур Партсвания (Украина), Алиҷон Кароматуллозода, Сайёди Ковусшо (ҳарду аз КМВА – Клуби марказии варзишии артиши Душанбе), нимҳимоятгар Муҳаммад Исоев (Узбекистон) ва ҳамлагар Эрик Бокум Багнама (Габон) шартнома ба имзо расид. Илова бар ин, ҳимоятгар Табрези Давлатмир, нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов ва Муҳаммадҷон Раҳимов пас аз танаффуси кӯтоҳ ба “Истиқлол” баргаштанд.

Рақиби “Истиқлол” - бошгоҳи «Ал-Райён», ки соли 1967 таъсис ёфтааст, қаҳрамони ҳашткаратаи Қатар мебошад. Дар ҳайати он ба ҷуз аз бозигарони маҳаллӣ, легионерҳо: ҳимоятгарон - Шуҷоъ Халилзода, Алӣ Карамӣ (ҳарду аз Эрон), нимҳимоятгарон - Стивен Н’Зонзи (Фаронса), Аҳмад Ал-Саид, Абдулазиз Ҳотам (Имороти Муттаҳидаи Араб), Ҳамес Родригес (Колумбия), ҳамлагарон - Ёсин Иброҳимӣ (Алҷазоир) ва Ёҳан Боли (Кот-д’Ивуар) - бо раҳбарии сармураббӣ Лоран Блан (Фаронса) бозӣ мекунанд.

«Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб дар гурӯҳи “А” ба ғайр аз «Ал-Райён» (Қатар), бо тимҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) бозӣ хоҳад кард.

Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Бозиҳо дар шаҳрҳои Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») барпо мегарданд.

Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар сурати ба плей-офф роҳ пайдо кардан, «Истиқлол» бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳад кард.

Тақвими бозиҳои «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райён» (Қатар), «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Даври 1-ум

8-уми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» – «Шарҷа»

«Истиқлол» – «Ал-Райён»

Даври 2-юм

11-уми апрел (душанбе)

«Шарҷа» - «Истиқлол»

«Ал-Райён» – «Ал-Ҳилол»

Даври 3-юм

15-уми апрел (ҷумъа)

«Шарҷа» – «Ал-Райён»

«Ал-Ҳилол» – «Истиқлол»

Даври 4-ум

19-уми апрел (сешанбе)

«Ал-Райён» - «Шарҷа»

«Истиқлол» – «Ал-Ҳилол»

Даври 5-ум

23-юми апрел (шанбе)

«Шарҷа» - «Ал-Ҳилол»

«Ал-Райён» – «Истиқлол»

Даври 6-ум

27-уми апрел (чоршанбе)

«Ал-Ҳилол» – «Ал-Райён»

«Истиқлол» – «Шарҷа»

XS
SM
MD
LG