Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи маҳсулоти асосӣ дар Қазоқистон то 25% гарон шудааст


Яке аз бозорҳои шаҳри Алмаато
Яке аз бозорҳои шаҳри Алмаато

Афзоиши таваррум ва гаронтар шудани нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои Қазоқистон идома дорад.

Ба иттилои бузургтарин шабакаи фурӯши яклухту чакана дар Қазоқистон, дар як моҳи ахир нархи маҳсулот дар ин кишвар аз 20 то 25 дарсад гаронтар шуда, арзиши маҳсулоти асосӣ ҳар ҳафта иваз мешавад.

Истеҳсолгарони дохилии Қазоқистон ҳам шикоят доранд, ки рақобати онҳо бо воридкунандагони мол аз хориҷ мушкилтар шудааст.

"Дар мо ба ҳисоби миёна нархи маҳсулот 20-25 дарсад гарон шуд. Зеро бахши аксари маҳсулот аз хориҷ ворид карда мешавад ва ҳатто истеҳсолгарони дохилӣ низ аз воридоти маҳсулоти хом сахт вобаста мебошанд", - изҳор дошт намояндаи шабакаи фурӯшгоҳҳои шаҳри Алмато Дмитрий Шишкин.

Қарои манъи содироти шакар аз Русия низ боиси гарон шудани ин навъи маҳсулот дар Қазоқистон шудааст. Соҳибкорони Қазоқистон ҳоло воридотро аз Амрикои Лотинӣ афзоиш додаанд, ки ин ҳам ба нархгузорӣ бетаъсир намондааст.

XS
SM
MD
LG