Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо наврасро дар Панҷакент ба "маршировка" ҷалб карданд. ВИДЕО


"Маршировка"-и донишҷӯён дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
"Маршировка"-и донишҷӯён дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Садҳо наврас дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба тамрин ҷалб шудаанд.

Корбаре бо ирсоли чанд навор мегӯяд, чанд вақт боз садҳо наврас ба ҷойи таҳсил дар як варзишгоҳи Панҷакент барои пешвози президенти кишвар омодагӣ мебинанд. Ин шеваи пешвозгириро коршиносон шахспарастӣ унвон мекунанд, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон роиҷ шудааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Чунин тамринҳо дар чанд шаҳру ноҳияи дигари Суғд идома доштааст. Қарор аст президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик ба минтақаи Суғд сафар кунад. Маъмулан, зимни сафарҳои президент ба шаҳру ноҳияҳо, аз моҳҳо пеш ҷавононро дар варзишгоҳҳои бузург ҷамъ меоранд, то шеваи истиқболи раиси ҷумҳурро тамрин кунанд.

Ҷалби ҷавонон барои таҷлил аз ҷашну маъракаҳо дар Тоҷикистон солҳо боз маъмул аст.

Мақомотро барои дур кардани хонандагон аз таҳсил ва ҷалби иҷбории онҳо ба “маршировка” пайваста танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG