Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Украина нархи доруро дар Қазоқистон гаронтар кардааст


Яке аз дорухонаҳои Қазоқистон.
Яке аз дорухонаҳои Қазоқистон.

Анҷумани мустақили дорухонаҳои Қазоқистон ҳушдор додааст, ки таҳримҳо зидди Русия ва ҷанг дар Украина моҳҳои наздик метавонанд таъсири худро ба бозори фарматсевтии он кишвар расонанд.

Ба иттилои анҷуман, бозори фарматсевтии Қазоқистон ба воридоти дору аз Русия ва Украина сахт вобаста мебошад.

Қазоқистон соли гузашта беш аз 21 ҳазор тонна дору аз хориҷ ворид кардааст, ки сеяки онҳо аз Русия оварда шудаанд. Дар ҳоли ҳозир камчин шудани доруҳо танҳо дар минтақаҳои Қазоқистон, ки бо Русия ҳаммарз ҳастанд, мушоҳида мешавад.

Сокинони шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон низ мегӯянд, болоравии нархи доруро эҳсос кардаанд.

"Ман як доруро пештар 6 ҳазор танга гирифта будам. Ҳоло нархи он 7,5 ҳазор танга шудааст", - гуфт як зани пиронсол аз шаҳри Нурсултон.

XS
SM
MD
LG