Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии "Истиқлол" ба сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар Арабистони Саудӣ


Акс аз бойгонӣ.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои ширкат дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 шоми 3-юми апрел вориди Арабистони Саудӣ шуд, хабар медиҳад сомонаи бошгоҳи «Истиқлол».

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи «Истиқлол» бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко 20 бозигар шомил аст.

«Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб дар гурӯҳи “А” бо тимҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар) ва «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) бозӣ хоҳад кард.

Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Бозиҳо дар шаҳрҳои Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») барпо мегарданд.

Аввалин бозии «Истиқлол» 8-уми апрел бо бошгоҳи «Ал-Райян» (Қатар) баргузор мешавад.

Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар сурати ба плей-офф роҳ пайдо кардан, «Истиқлол» бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳад кард.

Тақвими бозиҳои «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар), «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Даври 1-ум

8-уми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» – «Шарҷа»

«Истиқлол» – «Ал-Райян»

Даври 2-юм

11-уми апрел (душанбе)

«Шарҷа» - «Истиқлол»

«Ал-Райян» – «Ал-Ҳилол»

Даври 3-юм

15-уми апрел (ҷумъа)

«Шарҷа» – «Ал-Райян»

«Ал-Ҳилол» – «Истиқлол»

Даври 4-ум

19-уми апрел (сешанбе)

«Ал-Райян» - «Шарҷа»

«Истиқлол» – «Ал-Ҳилол»

Даври 5-ум

23-юми апрел (шанбе)

«Шарҷа» - «Ал-Ҳилол»

«Ал-Райян» – «Истиқлол»

Даври 6-ум

27-уми апрел (чоршанбе)

«Ал-Ҳилол» – «Ал-Райян»

«Истиқлол» – «Шарҷа»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG