Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam 2022", ки рӯзи якшанбеи 3-юми апрел дар Туркия ба поён расид, дар вазни беш аз 100 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Темур, ки дар даври аввал озод буд, баъдан бар Грегори Прайор аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Магомедумар Магомедумаров аз Имороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар чорякфинал аз Ричард Сипоч (Маҷористон) мағлуб шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври тассалобахш Ушанги Кокаурии озарбойҷониро мағлуб кард.
Раҳимов дар мубориза барои медали биринҷӣ Ҷосеф Терҳекро аз Фаронса шикаст дод.
Зимнан, ин чорумин медали Темур Раҳимов аз мусобиқоти Grand Slam ба шумор меравад. Қаблан, ӯ дар “Baku Grand Slam 2021” медали нуқра, дар «Abu Dhabi Grand Slam 2021» ва «Tel Aviv Grand Slam 2022» медалҳои биринҷӣ ба даст оварда буд.
Дар рӯзи охирини мусобиқа – 3-юми апрел – боз се паҳлавони тоҷик - Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни то 90 кило ва Абубакри Акобир дар вазни то 100 кило – рақобат карданд.
Комроншоҳ, ки дар даври озод озод буд, дар даври дуюм Руфат Исмайлови озарбойҷонӣ ва дар даври сеюм Давид Кламмерти чехро мағлуб карда, ба чорякфинал баромад. Вале дар даври чорякниҳоӣ аз Лука Майсурадзеи гурҷӣ ва дар даври тассалобахш аз варзишгари Канада - Луис Крёбер Гагнон ноком шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.
Ҷаҳонгир Маҷидов низ рақобатро аз даври дуюм муқобили гуштигири Булғористон – Ивайло Иванов оғоз кард. Ӯ қувваозмоиро бохт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гардид.
Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа – 1-уми апрел - се паҳлавони тоҷик - Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -66 кг) – ноком шуданд.
Шеров, ки дар даври аввал бар Грегг Варей аз Бритониёи Кабир ғолиб омад, дар даври баъдӣ варзишгари Испания Адриан Нието Чинарро мағлуб кард. Вале паҳлавони тоҷик дар даври сеюм аз рақиби пуртаҷрибааш Орхан Сафаров аз Озарбойҷон мағлуб гашт.
Саидаброров, ки бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дуюм пардохт, аз Эрик Такабатакеи бразилӣ шикаст хӯрд. Суфиев бошад, дар даври муқаддамотӣ аз Франсиско Менезии португолӣ мағлуб шуд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа - 2-юми апрел - Сомон Маҳмадбеков ба сабқат дар вазни то 73 кило аз даври дуюм шуруъ кард ва аз рақибаш Даниэл Каргнин, варзишгари Бразилия, шикаст хӯрд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2022" беш аз 500 варзишгар (мардон ва занон) аз 63 кишвар иштирок доштанд.
Ба варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу имтиёзҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда шуд.
Зимнан, "Antalya Grand Slam 2022" барои варзишгарони тоҷик панҷумин мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар соли равон ба ҳисоб мерафт.
Хамин хама КОЧОКУ камбудихои ЧАХОН-ро АГАР?!журналистони бе гаразу ЧОФИДО ба мисли Далеру Абдуллову дигар бандахои Худо ОШКОРУ ба мардум ТАКДИМ накунанд тамоми ЧАХОН ба як бебанду брии УМУМИ афтода ба маънои томаш ОДАМ-хури сар мезанад...холо БИНЕД дар《давлатхои》,ки дар ончо ЧИНОЯТ ба тамоми ШОХАХОИ 《хукумат》РЕША давондааст ЖУРНАЛИСТ як ТАРАФ истад умуман ИНСОН кадр надорад...отсюда ВЫВОД мы по статусу ЖИЗНИ опустились НИЖЕ животных...животное ИТО стовая каждый Н ДЕНЬ ишит пропитание ТОЛЬКО на СЕГОДНЯ а нам людям сегодня во весь голос ОРУТ звпасайтесь как МИНИМУМ на ДВА года...посе ТАКИХ заявлений ЧЕМ?!мы лутше животных...ладно мы таджики сегодя по образованию во ВСЕХ сферах на НУЛЕ но даже я как посмотрю и россия НАС догоняет ни Ахматовой ни Солжинитцина ни Пушкина ни Лермантово ни Есенина ни Толстого я чегото СЕЙЧАС в русской МОЛОДЕЖИ не наблюдаю ЛЖЕ пропогондисты и даже СТЫДО их називать《журналисти》засоряя ЭФИР заполонили ВСЁ и вся...
Ин ниҳоди мардумозору мардумкуш яъне милиса якчанд сол пеш модареро бо оби ҷӯш сузонида буданд, зани ҷавонро таҷовуз карда буданд, модари Абдураҳмонро дуздида нигоҳ медоштанд, ва оиди ҳар се ҳамин ҳолат дар худи Озодӣ гузориш таҳия шуда буд. Тоҷикистон агар кишвари конунмеҳвар мебуд кайҳо Додситони Кул нисбати вазири ин ниҳод мебоист парванда боз мекард.
Амир Талибана , это человек невидимка. Он воображает себя Богом , а Богу несвойственно показать своё лицо .
Bas budagist, Gulom tavalludkuni, max 3 to bas hast, ki millat namurad.
Ду сола озукавори захира кунед....🤣