Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андрей Бабитский, хабарнигори маъруф ва писари ҳунарпешаи тоҷик, даргузашт


Андрей Бабитский
Андрей Бабитский

Андрей Бабитский, хабарнигори маъруф ва писари ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Марат Орифов, бар асари сактаи мағзӣ дар Донетск даргузашт. Вай 58 сол дошт. Бабитский аз соли 2015 ба ин сӯ дар ин минтақаи зери назорати ҷудоиталабони Украина мезист.

Анӯшервон Орифов, бародари Андрей Бабитский, гуфт, хабарнигор шаби 1-уми апрел фавтидааст. "Солҳои охир аз беморӣ ранҷ мебурд. Ҳоло кӯшиш дорем, ки ҷасадашро аз Донетск биорем," -- гуфт Орифов.

Бабитский соли 1987 ба ҳайси муҳаррири маҷаллаи дигарандеши "Гласност" ба кор оғоз карда, соли 1989 ҳамкориро бо Радиои Озодӣ шуруъ намуд.

Дар ҷанги аввал ва дувуми Чеченистон буд ва аз хабарнигорони ангуштшуморе ба ҳисоб мерафт, ки тирамоҳи соли 1999 аз Грозний хабар медод. Гузоришҳои ӯ боиси танқидҳои шадиди мақомоти Русия шуда буд.

Низомиёни Русия моҳи январи соли 2000 Бабитскийро дастгир ва дар боздоштгоҳи муваққатие дар шимоли Чеченистон ҷойгир карданд. Мақомот ӯро ба нақзи "қоидаҳои рафтори хабарнигорон дар маҳалли амалиёти зиддитеррористӣ" муттаҳам карданд ва ин боиси эътирози ҷомеаи рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар шуд.

Дар ниҳоят, ба тасдиқи мақомоти Русия, Бабитскийро ба се низомии рус иваз карданд. Дертар ӯро ба Махачқалъа бурданд ва дар он ҷо ба ӯ шиносномаи қалбакӣ дода, дарҳол боздошт карданд. Моҳи октябри соли 2000 авф шуд. Худи Бабитский иддао карда буд, ки табодулаш ба истилоҳ як саҳнасозии хадамоти махсуси Русия буд ва сарнавишташро шахсан Владимир Путин ҳал кардааст.

Андрей Бабитский баъдан дар Прага дар бахши русии Радиои Озодӣ ва радиои "Эхо Кавказ" кор кардааст. Соли 2014 аз минтақаҳои таҳти назорати ҷудоиталабони Украина гузориш медод. Тирамоҳи ҳамон сол аз Радиои Озодӣ рафт.

Аз соли 2015 дар Донетск зиндагӣ мекард ва бо расонаҳои русӣ ва матбуоти ба истилоҳ ҷумҳурии худхондаи Донетск ҳамкорӣ дошт. Аз Владимир Путин пуштибонӣ ва аз Украина шадидан танқид мекард, вале дар бораи ҳамлаи охири Русия ба Украина чизе нагуфт.

XS
SM
MD
LG