Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA як зина боло шуд   


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар радабандӣ ё рейтинги FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 31-уми март дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, дар байни 210 кишвар бо 1159 имтиёз дар ҷойи 114-ум қарор гирифтааст.

Дар ин феҳрист Бразилия бо 1832 имтиёз ба ҷои аввал баромад. Болгия бо 1827 имтиёз ба зинаи дувум фуромад. Фаронса, қаҳрамони феълии ҷаҳон, мисли пешин бо 1789 имтиёз дар зинаи севум мебошад.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (27-ум, 1535 имтиёз), Русия (36-ум, 1493 имтиёз) ва Узбекистон (83-ум, 1286 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (125-ум), Озарбойҷон (129-ум), Туркманистон (134-ум), Латвия (135-ум), Литва (138-ум) ва Молдова (180-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (83-юм) ва Қирғизистон (95-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Наврӯз-2022" дар шаҳри Намангони Узбекистон 29-уми март дар рақобат барои ҷойи сеюм тими миллии Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар ин мусобиқа мунтахаби Узбекистон, ки дар бозии ниҳоӣ тими миллии Угандаро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард, бо «Ҷоми Наврӯз-2022» ва медалҳои тилло мукофотонида шуд. Мунтахаби Уганда барои ҷои дуюм медалҳои нуқра гирифт.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, гуфт, “мусобиқа дар Намангон барои тими миллии кишвар як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба шумор мерафт.”

Зимнан, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур рақобат мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ дар шакли мутамарказ дар як давра рӯзҳои 8, 11 ва 14-уми июни соли равон дар Бишкеки Қирғизистон барпо мегарданд.

«Мунтахаби Тоҷикистон аллакай дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо дастаҳои Қирғизистон ва Мянмар бозӣ кардааст. Аз ин рӯ, дар гурӯҳи мо ҳарифони шинос ҷамъ шудаанд. Бозиҳои интихобӣ барои ҳеҷ як аз дастаҳо осон нахоҳад буд. Мо бояд ҳама рақибонро эҳтиром кунем ва ба бозиҳои интихобии моҳи июн хуб омода шавем. Ман ба дастаамон бовар дорам. Барои мо вазифа як аст - ба мусобиқаи интихобӣ омодагии хуб гирифта, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 соҳиби роҳхат шудан. Мутмаинам, ки бори аввал дар таърихи футболи тоҷик мо метавонем ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирем», - гуфт Петр Сегрт.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойи дувум қарор мегиранд, роҳ меёбанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG