Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бозии санҷиширо бо Кувайт дар Туркия мусовӣ кард


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23).
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23).

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бозии сеюми санҷиширо рӯзи 29-уми март бо мунтахаби олимпии Кувайт (U-23) бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ голи мунтахаби Тоҷикистонро Шоҳрух Сангов ба самар расонид. Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии санҷишӣ дар Туркия аз ҳамсолонашон аз Того бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, бозиро бо мунтахаби Урдун (U-23) бо ҳисоби 0:0 анҷом дода буданд.

Ба ин тартиб, ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Анталияи Туркия ба поён расид.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Имороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) бозӣ хоҳад кард.

Бозиҳои санҷишӣ

Тоҷикистон (U-23) – Того (U-23) – 0:1

24-уми март. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ».

Тоҷикистон (U-23) – Урдун (U-23) – 0:0

26-уми март. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ».

Тоҷикистон (U-23) – Кувайт (U-23) -1:1

Голи Тоҷикистон: Шоҳрух Сангов.

Тоҷикистон (U-23): Далер Азизов, Шоҳрух Сангов, Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (Шарафҷон Солеҳов, 57, Умарҷон Шарипов, 87), Ҳусейн Нурматов (Ҷонибек Шарипов, 73), Саидмухтор Азимов (Эмомалӣ Аҳмадхон, 73), Алишер Баротов (Парвиз Боқиев, 9), Шуҳрат Элмуродов (Шарифбек Раҳматов, 57), Ҳамадонӣ Камолов, Суннатулло Исмоилов (Сорбон Авғонов, 46), Нуриддин Ҳамроқулов.

29-уми март. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ».

XS
SM
MD
LG