Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки ҳашт паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Antalya Grand Slam 2022"


Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 1-3-юми апрел дар Анталияи Туркия баргузор мешавад, ҳашт варзишгари тоҷик иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2022" иштироки 531 варзишгар (316 мард ва 215 зан) аз 64 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Абубакр Шеров, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни то 90 кг), Абубакри Акобир (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.

Рӯзи аввали мусобиқа – 1-уми апрел – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи дувуми мусобиқа – 2-юми апрел - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Мусобиқа 3-юми апрел бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон - ба поён мерасад.

Ба варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу имтиёзҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, "Antalya Grand Slam 2022" барои варзишгарони тоҷик панҷумин мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад. Қаблан дар «Grand Prix Portugal 2022» ва «Paris Grand Slam 2022» ягона варзишгари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён – ширкат карда, дар шаҳри Алмадаи Португалия дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Баъдан Темур Раҳимов дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки моҳи феврал дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Сипас дар мусобиқаи бози ҷудо "Tunis African Open 2022", ки рӯзҳои 12-13-уми март дар Тунис баргузор шуд, Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73 кило ҷойи ҳафтумро гирифт.

XS
SM
MD
LG