Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон гуфт, дар ҳоли ҳозир беш аз 100 ҳазор шаҳрванди Русия дар он кишвар қарор доранд


Алмато, Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Алмато, Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Муовини вазири меҳнати Қазоқистон Ержан Биржанов 30-юми март дар нишасти хабарие иттилоъ дод, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 101 ҳазор шаҳрванди Русия дар он кишвар қарор доранд. Аммо ба гуфтаи ӯ, шумораи умумии русиягиҳое, ки вориди ин кишвар мешаванд, "ҳанӯз ба сатҳи фоҷеавӣ нарасидааст".

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир 6350 шаҳрванди Русия бо ҳадафи корӣ дар Қазоқистон қарор доранд. "Соли гузашта 18 800 шаҳрванди Русия ба Қазоқистон омадаанд. Яъне, ҳоло вуруди шаҳрвандони Русия ба сатҳи фоҷеавӣ нарасидааст", - афзуд вай.

Муовини вазири меҳнати Қазоқистон гуфт, дар ҳоли ҳозир вазорат дар якҷоягӣ бо мақомоти умури дохилӣ ҳамарӯза шумораи хориҷиҳоеро, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, пайгирӣ мекунад. Вай сарусадоҳо дар ҷомеаи Қазоқистонро, ки афзоиши вуруди хориҷиҳо боиси бештар шудани сатҳи бекорӣ дар кишвар мешавад, рад кард.

XS
SM
MD
LG