Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқоти қаҳрамонии дучархасавории Осиё дар Душанбе ба поён расид


Мусобиқоти қаҳрамонии дучархасавории Осиё. Душанбе, Тоҷикистон
Мусобиқоти қаҳрамонии дучархасавории Осиё. Душанбе, Тоҷикистон

Мусобиқоти қаҳрамонии велосипедронӣ ё дучархасавории Осиё дар шоҳроҳ, ки аз 25-ум то 30-юми март дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, рӯзи чоршанбе бо баргузории пойга миёни устодон ва ҳаваскорон ба поён расид.

Дар рӯзи охирини мусобиқот устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 61 км ва ҳаваскорон дар масофаи 111 км рақобат карданд.

Дар мусобиқа миёни устодон, ки аз рӯи 5 синну сол сурат гирифт, намояндагони Узбекистон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ғолиб шуданд. Дар мусобиқаи дастаии устодон тими Ироқ пирӯз гардид. Дастаҳои Покистон ва Тоҷикистон мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии велосипедронии Осиё дар шоҳроҳ

Натиҷаҳои рӯзи шашум

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, устодони варзиши велосипедронӣ, 111 км


19-34-сола
1. Беҳзодбек Раҳимбоев (Узбекистон)
2. Маҳдӣ Албаттаҳ (Ироқ)
3. Аҳмад Алрикобӣ (Ироқ)

35-39-сола
1. Холид Алӣ Албалушӣ (Иморот)
2. Алӣ Ҷавод (Покистон)
3. Беҳзод Ҳакимов (Тоҷикистон)

40-44-сола
1. Вадим Ежаков (Қазоқистон)
2. Ромин Худоиев (Тоҷикистон)

45-49-сола
1. Александр Игонин (Тоҷикистон)
2. Баҳриддин Исомиддинов (Тоҷикистон)

аз 50-сола боло
1. Ринат Батиршин (Тоҷикистон)
2. Ҷаргал Гавааҷав (Муғулистон)
3. Павел Салимов (Тоҷикистон)

Дастаӣ, устодон
1. Ироқ
2. Покистон
3. Тоҷикистон

Ба ин тартиб, дар мусобиқоти қаҳрамонии велосипедронӣ ё дучархасавории Осиё дар шоҳроҳ, ки дар Душанбе шаш рӯз идома ёфт, беш аз 400 варзишгар аз 27 кишвари қора иштирок карданд.

Мусобиқот миёни наврасони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, бузургсолон (мардон ва занон), варзишгарони имконияташон маҳдуд, инчунин устодони варзиш ва ҳаваскорон сурат гирифт.

Ба ғолибону барандагони ҷойҳои ифтихорӣ ҷому медалҳо ва туҳфаҳои созмондиҳандагону сарпарастони мусобиқот супурда шуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии велосипедронӣ ё дучархасавории Осиё дар шоҳроҳ, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор шуд, бо ибтикори Конфедератсияи велосипедронии Осиё таҳти сарпарастии Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ (UCI) ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид.

UCI -- созмоне, ки мусобиқоти Душанберо сарпарастӣ мекунад, дар Швейтсария марказ дошта, аз тарафи созмонҳои расмии ҷаҳонии соҳаи варзиш расман шинохта шудааст, вале дар чанд моҷарои фасоду ришвати калонҳаҷм бадном гаштааст.

Он дар соли 2015 чунин сабқатро дар нимҷазираи Қрим ташкил кард ва сабаби ҷанҷоли байналмилалӣ шуд, чун онро ҳамчун эътирофи ба Русия тааллуқ доштани Қрим шарҳ доданд. Ин созмон ҳамчунин мехоҳад дар Тоҷикистон сабқати велосипедронӣ дар куҳистонро баргузор намояд.

Харҷи сабқати Душанбе расман эълон карда намешавад ва чӣ гуна вориди Тоҷикистон шудани UCI ба воситаи ниҳодҳои варзишии арабӣ низ расонаӣ нагаштааст.

XS
SM
MD
LG