Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи панҷуми қаҳрамонии Осиё бо пирӯзии дучархасаворони Қазоқистон ва Ветнам хотима ёфт 


Мусобиқоти қаҳрамонии дучархасавории Осиё дар Душанбе.
Мусобиқоти қаҳрамонии дучархасавории Осиё дар Душанбе.

Мусобиқоти қаҳрамонии велосипедронӣ ё дучархасавории Осиё дар шоҳроҳ, ки дар Душанбе бо ширкати беш аз 400 варзишгар аз 27 кишвари қора ҷараён дорад, имрӯз, 30-юми март, ба поён мерасад.

Мусобиқот миёни наврасони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, бузургсолон (мардон ва занон) ва варзишгарони имконияташон маҳдуд сурат гирифтааст.

Дар рӯзи панҷуми мусобиқот – 29-уми март – занон ва духтарони то 23-сола дар масофаи 111 км ва мардон дар масофаи 174 км рақобат карданд.

Дар пойга миёни занон Зи Зат Нгуйен аз Ветнам ва миёни мардон Игор Чжан аз Қазоқистон ғолиб шуданд. Акпеиил Оссим, варзишгардухтари қазоқ миёни ҳамсолонаш (то 23-солаҳо) пирӯз гашт.

Дар рӯзи панҷуми мусобиқот низ варзишгарони тоҷик натавонистанд ҷойҳои фахриро ишғол намоянд. Дар сабқати занон Аннасултон Амонова, Файзихон Суфиева ва Мутриба Абдуҷалилова, дар пойгаи мардон Умедҷон Қузиев, Раҳимҷон Аминов, Ҷовидон Қузиев ва Андрей Булаев иштирок карданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии велосипедронӣ ё дучархасавории Осиё дар шоҳроҳ

Натиҷаҳои рӯзи панҷуми мусобиқот:

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, духтарони то 23-сола, 111 км
1. Акпеиил Оссим (Қазоқистон), 3:11:37
2. Светлана Пашенко (Қазоқистон), 3:11:37
3. Янина Кускова (Узбекистон), 3:11:37

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, бонувон, 111 км
1. Зи Зат Нгуйен (Ветнам), 3:11:37
2. Маҳаббат Умутжанова (Қазоқистон), 3:11:37
3. Анжелина Соловёва (Қазоқистон), 3:11:37

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, 174 км
1. Игор Чжан (Қазоқистон), 4:26:40
2. Нарийуки Масуда (Ҷопон), 4:26:40
3. Ҷамбалҷамтс Саинбайар (Муғулистон), 4:26:40

Мусобиқоти қаҳрамонии велосипедронӣ ё дучархасавории Осиё дар шоҳроҳ, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор шудааст, 30-юми март бо мусобиқаи инфиродии умумӣ миёни дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 111 км анҷом меёбад.

XS
SM
MD
LG