Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ байни мардон ва занон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт-2022» баргузор шуд.
Мусобиқаи паҳлавонӣ, ки дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир гардид, миёни мардҳо аз рӯи 5 вазн ва миёни занон аз рӯи 3 вазн сурат гирифт.
Дар сабқати мардон дар чаҳор вазн варзишгарони тоҷик пирӯз шуданд. Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кило, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 70 кило, Шодмон Тиллоев дар вазни то 80 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ғолиб омада, ҳар кадом бо Ҷоми пойтахт ва мошини сабукрав сарфароз гаштанд.
Танҳо дар вазни сангинтарин – беш аз 90 кило паҳлавони узбек Шералӣ Ҷӯраев ғолиб шуд. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ паҳлавони номдори тоҷик Темур Раҳимовро шикаст дод ва соҳиби ҷоми пойтахт, инчунин мошини сабукрав гардид.
Дар сабқати занон дар ду вазн намояндагони Узбекистон ва дар як вазн варзишгари Тайланд пирӯзӣ ба даст оварда, бо ҷоизаҳои молӣ мукофотонида шуданд.
Зимнан, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон аз 20 кишвари қораҳои Осиёву Аврупо иштирок доштанд.
Ба ғолибон миёни мардҳо шоҳҷоиза – автомобил, ба барандагони медали нуқра 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медали биринҷӣ 1000 доллари ИМА ҷоизаҳои молӣ тақдим шуд. Ғолибону ҷоизадорон миёни занон мутаносибан 3000 доллари ИМА, 2000 ва 1000 доллар ҷоизапулӣ гирифтанд.
Ғолибону ҷоизадорони сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ барои «Ҷоми пойтахт-2022»
Занон
-52 кг
1. Гранд Диан Ноэл (Тайланд)
2. Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)
3. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
3. Дилола Дукунбоева (Узбекистон)
-70 кг
1. Равзахон Адашева (Узбекистон)
2. Ченг Йу Чинг (Тайланд)
3. Садаф Бейранванд (Эрон)
3. Нгуйен Тҳи Тҳен (Ветнам)
-78 кг
1. Покиза Камолиддинова (Узбекистон)
2. Заҳро Боғирӣ (Эрон)
3. Элза Абдулқодирова (Қирғизистон)
3. Анну (Ҳиндустон)
Мардон
-60 кг
1. Муслимбек Каримов (Тоҷикистон)
2. Меҳрзод Сӯфиев (Тоҷикистон)
3. Хатан Амарсан (Муғулистон)
3. Хайрандеш Муродзода (Тоҷикистон)
-70 кг
1. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (Тоҷикистон)
2. Муллораҷаб Халифаев (Русия)
3. Абубакр Шеров (Тоҷикистон)
3. Муҳаммадраҳим Сарахонов (Тоҷикистон)
-80 кг
1. Шодмон Ризоев (Тоҷикистон)
2. Умар Бозоров (Узбекистон)
3. Муҳаммад Абдуҷалилов (Тоҷикистон)
3. Раҳматуллобек Фарҳодов (Тоҷикистон)
-90 кг
1. Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикистон)
2. Эркин Қазоқов (Узбекистон)
3. Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон)
3. Георгий Пупанашвили (Гурҷистон)
+90 кг
1. Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)
2. Темур Раҳимов (Тоҷикистон)
3. Антон Брашич (Русия)
3. Фарзин Ҳусейнов (Тоҷикистон)
Озоди хеле бомаврид. Дар дунёи пешрафта офтоба бо доман пушида наметавонанд. Акнун дастонл пур аз хуни Эмомали бо тимаш хеле кушоду равшан намоён мешавад. Мардум наворҳоро ба озоди бифиристед.
Лекин хич нафахмидам ки нафахмидам манзур аз сахнаи манкурт кадом тараф бошад ,ки манкуртои худира хуш наомада бошад
Мардумон рузи биhи металабанд аз аём Мушкил ин аст ки хар руз бад'тар мебинам!
Где вы увидели сепаратизм ?На самом деле мы таджики Памира титульная нация Таджикистана, а наш считают за диаспору. Кулобат , Ленинобод бар Померен лап обод, аммо Помер вев чон.
Вомарро ба хун олуда шуд. Бисери точикон моро айбдор мекунанд, ки мо халалдори сулх хастем. Лекин аз кадом сулх шумо гап мезанет? Ягон нишонахои сулхпарваронаи гасбкардагарони укуматро надидаем. Таьрихро бо хуни худ навишем