Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюми санҷиширо дар Туркия мусовӣ кард


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бозии дуюми санҷиширо рӯзи 26-уми март бо мунтахаби олимпии Урдун (U-23) бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ ситоди мураббиёни мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев гурӯҳи калони бозигаронро озмоиш кард. Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии санҷишӣ дар Анталия аз ҳамсолонашон аз Того бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буданд.

Дар доираи ҷамъомади таълмиву тамринӣ дар Анталияи Туркия мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) боз як бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Футболбозони ҷавони тоҷик рӯзи сешанбеи 29-уми март муқобили мунтахаби олимпии Кувайт (U-23) бозӣ хоҳанд кард.

Зимнан, мунтахаби олимпии Кувайт (U-23) рӯзи 26-уми март бозии санҷиширо ба тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 0:3 бохта буд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Имороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) бозӣ хоҳад кард.

Бозиҳои санҷишӣ

Тоҷикистон (U-23) – Того (U-23) – 0:1

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Муҳаммадҷон Насков, Алишер Баротов, Парвиз Боқиев, Ҷонибек Шарипов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов, Ҳамадонӣ Камолов, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Нуриддин Ҳамроқулов.

Тоҷикистон (U-23) – Урдун (U-23) – 0:0

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Аҳлиддин Ҳабибуллоев, Муҳаммадҷон Насков, Алишер Баротов, Ҳусейн Нурматов (Парвиз Боқиев, 46), Шоҳрух Сангов (Икромҷон Исмоилов, 79), Умарҷон Шарипов (Ҳамадонӣ Камолов, 46), Хуршед Абдуллоев (Сорбон Авғонов, 46), Саидмухтор Азимов (Шарифбек Раҳматов, 70), Шарафҷон Солеҳов (Фирдавс Алиназаров, 59), Суннатулло Исмоилов (Далер Ёдгоров, 59), Тоҳир Малодӯстов (Нуриддин Ҳамроқулов, 46).

26-уми март. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ».

29-уми март (сешанбе)

Тоҷикистон (U-23) – Кувайт (U-23)

XS
SM
MD
LG