Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми Наврӯз-2022», ки имрӯз, 25-уми март, дар шаҳри Намангони Узбекистон шуруъ шуд, дар нимфинал аз тими миллии Уганда аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ – 1:1) шикаст хӯрд.
Дар ибтидои бозӣ футболбозони Уганда бартарӣ доштанд. Ҳуҷумҳои паиҳами онҳо ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон бо гол анҷом ёфт. Тӯбро дар дақиқаи ҳаштум Эммануел Оквей аз ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд.
Баъдан футболбозони тоҷик ба худ омада, ба сӯи дарвозаи бозигарони африқоӣ пайваста ҳуҷум мекарданд. Дар яке аз лаҳзаҳо дарвозабони мунтахаби Уганда Люк Ваго саросема шуд ва тӯбро ба пеши пои Алишер Ҷалилов партофт. Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 40-ум аз масофаи наздик тӯбро вориди дарвоза кард ва ҳисобро баробар намуд – 1:1.
Дар нимаи дуюми дидор ҳисоб тағйир наёфт. Барои муайян кардани ғолиб сардовари ин бозӣ Рустам Лутфуллин (Узбекистон) силсилаи пеналтӣ ё зарбаҳои 11-метрӣ таъйин кард.
Аз шаш бозигари мунтахаби Тоҷикистон ду нафар – Алиҷони Айнӣ ва Зоир Ҷӯрабоев – натавонистанд тӯбро ба ҳадаф расонанд. Дарвозабони мунтахаби Уганда Люк Ваго, ки ду тӯби задаи футболбозони тоҷикро баргардонд, ба дастааш пирӯзӣ овард ва қаҳрамони ин дидор шуд.
Ба ин тартиб, мунтахаби Уганда ба финали «Ҷоми Наврӯз-2022» роҳ ёфт ва рақибаш ғолиби бозии дигари ниманиҳоӣ мегардад, ки шоми имрӯз, 25-уми март, миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон бошад, бо дастаи дар нимфинали дуюм мағлубшуда барои ҷойи сеюм мубориза мебарад.
Дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ – Қирғизистон, Тоҷикистон, Уганда ва Узбекистон – иштирок доранд. Мусобиқа аз даври ниманиҳоӣ оғоз ёфт.
Бозӣ муқобили Уганда аввалин бозие буд, ки мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, анҷом дод. Сармураббӣ гуфт, мусобиқа дар Намангон барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки моҳи июн доир мегардад.
Ӯ афзуд, «дар ҳайати дастаи мунтахаби мо бо сабабҳои гуногун ёздаҳ бозигар иштирок надорад. Аммо ман умедворам, ки онҳо пеш аз мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё ба сафи мо ҳамроҳ мешаванд. Рақибамон – мунтахаби Уганда – дастаи хуб аст, нисбат ба мо дар радабандии ФИФА 30 зина боло буда, ҷойи 84-умро касб кардааст.»
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар «Ҷоми Наврӯз-2022» муқобили мунтахаби Уганда то дақиқаи 82-юми бозӣ чунин буд: дарвозабон - Рустам Ятимов («Истиқлол»-и Душанбе), ҳимоятгарон - Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Аҳтам Назаров (капитан), нимҳимоятгарон - Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), ҳамлагар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
Дар дақиқаи 82-юм ба ҷои Манучеҳр Ҷалилов ҳамлагар Рустам Соиров («Истиқлол»), дар дақиқаи 83-юм ба ҷои Муҳаммадҷон Раҳимов нимҳимоятгар Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), дар дақиқаи 90-ум ба ҷои Эҳсони Панҷшанбе ҳимоятгар Искандар Ҷалилов («Истиқлол») ба майдон омаданд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»
Нимфинал
Уганда – Тоҷикистон – аз рӯи пеналти - 5:4 (замони асосӣ - 1:1)
Голҳо: Эммануел Оквей, 8 (Уганда), Алишер Ҷалилов, 40 (Тоҷикистон).
Аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ ва Зоир Ҷӯрабоев тӯбро аз пеналти ба нишон расонида натавонистанд.
Сардовар: Рустам Лутфуллин (Узбекистон).
25-уми март. Намангон, Варзишгоҳи марказӣ.
Бозии дуюми ниманиҳоӣ
25-уми март (ҷумъа)
20:00 – Узбекистон – Қирғизистон
29-уми март (сешанбе)
16:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
20:00 – Финал
Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?