Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар "Ҷоми Наврӯз-2022" дар Намангон бо Уганда бозӣ мекунад


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон имрӯз, 25-уми март, дар мусобиқаи «Ҷоми Наврӯз-2022», ки дар шаҳри Намангони Узбекистон шуруъ мешавад, бо тими миллии Уганда рақобат мекунад.

Петр Сегрт, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, пеш аз бозӣ бо мунтахаби Уганда, рӯзи 24-уми март дар нишасти матбуотӣ гуфт, мусобиқа дар Намангон барои дастааш як марҳилаи хуби омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи июн баргузор мешавад, ба шумор меравад.

Ӯ афзуд, "дар ҳайати дастаи мунтахаби мо бо сабабҳои гуногун ёздаҳ бозигар иштирок надорад. Аммо ман умедворам, ки онҳо пеш аз мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё ба сафи мо ҳамроҳ мешаванд. Рақибамон – мунтахаби Уганда – дастаи хуб аст, нисбат ба мо дар радабандии ФИФА 30 зина боло ҷойгир шудааст. Мо мекӯшем, ки дар ин бозӣ тамоми қувваю маҳоратамонро ба кор бурда, натиҷаи мусбат ба даст биёрем".

Дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ – Қирғизистон, Тоҷикистон, Уганда ва Узбекистон – иштирок доранд. Мусобиқа аз даври ниманиҳоӣ оғоз меёбад.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ имрӯз, 25-уми март, дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Қирғизистон вориди сабқат хоҳанд шуд. Ғолибони нимфинал ба финали «Ҷоми Наврӯз-2022» роҳ меёбанд, мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм иштирок хоҳанд кард.

Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» 25 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – даъват шудаанд. ки ҳашт нафарашон легионер мебошанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангони Узбекистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»-и Душанбе), Далерҷон Баротов («Хуҷанд»-и Хуҷанд);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»), Меҳрубон Каримов («Динамо», Душанбе);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»),

Кароматулло Саидов («Хуҷанд»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), Фатҳулло Олимзода («Динамо», Душанбе);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сармураббӣ Петр Сегрт (Хорватия).

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

25-уми март (ҷумъа)

16:00 – Уганда – Тоҷикистон

20:00 – Узбекистон – Қирғизистон

29-уми март (сешанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

20:00 – Финал

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG