Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии санҷиширо ба Того бохт


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23).
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23).

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия рӯзи 24-уми март аввалин бозии санҷишӣ анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, рақиби футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Того, кишвари африқоӣ, буданд. Бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Того (U-23) бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.

Дар доираи ҷамъомади таълмиву тамринӣ дар Анталияи Туркия мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) боз ду бозии санҷишӣ баргузор мекунад.

Футболбозони ҷавони тоҷик рӯзи шанбеи 26-уми март бо ҳамсолонашон аз Урдун бозӣ мекунанд. Бозии сеюми санҷишии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сешанбеи 29-уми март муқобили мунтахаби олимпии Кувайт (U-23) доир мегардад.

Бояд гуфт, ки бозии санҷишии қаблан ба нақша гирифтаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон лағв шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Имороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) бозӣ хоҳад кард.

Бозии санҷишӣ

Тоҷикистон (U-23) – Того (U-23) – 0:1

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Муҳаммадҷон Насков, Алишер Баротов, Парвиз Боқиев, Ҷонибек Шарипов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов, Ҳамадонӣ Камолов, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Нуриддин Ҳамроқулов.

Бозиҳои боқимонда:

26-уми март (шанбе)

Тоҷикистон (U-23) – Урдун (U-23)

29-уми март (сешанбе)

Тоҷикистон (U-23) – Кувайт (U-23)

XS
SM
MD
LG