Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба соҳибкорони туркман гуфтанд, ҳаҷми содироти маҳсулот ба Русия бояд афзоиш ёбад


Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.
Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Туркманистон дар пасманзари таҳримҳо алайҳи Москва кишоварзон ва соҳибкорони маҳаллиро огаҳ кардаанд, ки мехоҳанд, ҳаҷми содироти сабзавоту мева, гӯшт ва маҳсулоти дигари ғизоиро ба Русия афзоиш диҳанд.

"Мақомоти вилояти Марӣ бо кишоварзон ҷаласа баргузор карда, ҳушдор медиҳанд, ки қисми зиёди маҳсулоти ғизоӣ акнун ба Русия содир карда мешавад. Онҳо таъкид мекунанд, ки ба истеҳсоли лаблабу бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Мансабдорон гуфтанд, ки дар Русия мушкили норасоии шакар ва маҳсулоти гӯштӣ пеш омадааст. Ҳатто маҳсулоти нассоҷиро низ акнун мешавад, ба Русия содир кард", - изҳор дошт яке аз соҳибкорони Марӣ рӯзи 23-юми март.

Ба гуфтаи ин соҳибкор, талаби мақомоти Туркманистон дар мавриди афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ барои содирот ба Русия норозигии аксари соҳибкорони маҳаллиро ба бор овардааст.

"Дар худамон одамони зиёде ҳастанд, ки чанд сол мешавад, шакарро начашидаанд. Бештари чорвоҳо ба далели хушксолӣ ҳалок ва дар натиҷа нархи гӯшт дар бозорҳо гарон шудааст. Магар дар ин вазъ мо бояд Русияро хӯронем?! Нону орди моро аллакай барои фиристодани кумаки башардӯстона ба Афғонистон гирифтанд. Бисёриҳо интизор доштанд, ки баъди президенти нав интихоб шудан вазъ беҳтар мешавад, вале зоҳиран беҳуда мунтазир мондаанд", - афзуд вай.

XS
SM
MD
LG