Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон гуфт, ба зудӣ бунёди "Қамбарота-1"-ро оғоз мекунад


Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 24-уми март дар як ҷаласа гуфт, рӯзҳои наздик сохтмони неругоҳи "Қамбарота-1" оғоз карда мешавад. Ӯ санаи дақиқи оғози бунёди неругоҳро зикр накард, вале изҳор дошт, ки ""Қамбарота-1" давоми 3-5 соли оянда ба истифода дода мешавад".

"Манбаъҳои молӣ ҳастанд. Вазорати молияи Қирғизистон дар марҳалаи аввал барои бунёди неругоҳ рӯзҳои наздик 498 млн доллар равона месозад. Дар буҷаи имсола барои омодагиҳо ба оғози сохтмони неругоҳ 20 млн доллар пешбинӣ шудааст ва мо рӯзҳои наздик корро оғоз хоҳем кард", - афзуд Жапаров дар ҷаласаи девони вазирон.

Вазири иқтисоди Қирғизистон Доскул Бекмурзоев қаблан гуфта буд, ки имкон дорад, чархаи аввали неругоҳи мазкур дар давоми се соли оянда ба истифода дода шавад.

Пештар мақомоти Узбекистону Қирғизистон гуфтанд, тасмим гирифтаанд, ки "Қамбарота-1"-ро дар рӯдхонаи Норин бо ҳам иҷро кунанд. Ин созиш дар ҷараёни сафари давлатии президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Узбекистон ҳосил шуда буд.

Иҷрои тарҳи бунёди "Қамбарота-1" дар рӯдхонаи Норин чанд сол аст, ки ба таъхир меафтад. Бунёди ин нерӯгоҳ бо иқтидори 1860 мегаватт ҳанӯз дар охирҳои соли 1980 дар назар буд. Вале то ҳол иҷро нашудааст.

Ҳукумати Қирғизистон барои бунёди нерӯгоҳи мазкур бори охир соли 2012 бо Русия созишнома ба имзо расонд. Вале санад соли 2016 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон бекор карда шуд.

XS
SM
MD
LG