Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 тасдиқ шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тақвими бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022-ро дар минтақаи Ғарб тасдиқ кард, ки дар гурӯҳи “А” дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, иштирок мекунад.

Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар) ва «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) мебошанд.

Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Бозиҳо дар шаҳрҳои Ар-Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») барпо мегарданд.

Аввалин бозии «Истиқлол» 8-уми апрел бо бошгоҳи «Ал-Райян» (Қатар) баргузор мешавад.

Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.

Дар сурати ба плей-офф роҳ пайдо кардан, «Истиқлол» бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳад кард.

Тақвими бозиҳои «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар), «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Даври 1-ум

8-уми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» – «Шарҷа»

«Истиқлол» – «Ал-Райян»

Даври 2-юм

11-уми апрел (душанбе)

«Шарҷа» - «Истиқлол»

«Ал-Райян» – «Ал-Ҳилол»

Даври 3-юм

15-уми апрел (ҷумъа)

«Шарҷа» – «Ал-Райян»

«Ал-Ҳилол» – «Истиқлол»

Даври 4-ум

19-уми апрел (сешанбе)

«Ал-Райян» - «Шарҷа»

«Истиқлол» – «Ал-Ҳилол»

Даври 5-ум

23-юми апрел (шанбе)

«Шарҷа» - «Ал-Ҳилол»

«Ал-Райян» – «Истиқлол»

Даври 6-ум

27-уми апрел (чоршанбе)

«Ал-Ҳилол» – «Ал-Райян»

«Истиқлол» – «Шарҷа»

XS
SM
MD
LG