Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анатолий Чубайс Русияро тарк кардааст


Russia -- Rusnano Executive Board Chairman Anatoly Chubais
Russia -- Rusnano Executive Board Chairman Anatoly Chubais

Анатолий Чубайс, раиси пешини идораи давлатии “Роснано”, раиси собиқи ширкати РАО ЕЭС ва муовини пешини нахуствазири Русия, ки солҳои охир намояндаи Владимир Путин дар умури рушди устувор ва иқлим дар созмонҳои байнулмилалӣ буд, аз мақомаш истеъфо дода, Русияро тарк кардааст.

Дар бораи рафтани ӯ хабаргузории Bloobmerg бо такя ба ду манбаи огоҳ иттилоъ дод.

ТАСС аз мақом рафтани намояндаи вижаи Путинро тасдиқ кард. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков ба хабаргузории РИА Новости гуфт, Чубайс "бо хоҳиши худ истеъфо дод".

Ду шиноси Чубайс ба РБК гуфтаанд, ӯ ҳамроҳи ҳамсараш ба Истанбул рафтааст.

Ба гуфтаи манобеи Bloomberg, Чубайс ошкоро мухолифати худро ба ҷанги Русия дар Украина, ки 24-уми феврал оғоз кард, баён доштааст.

Чубайси 66-сола аз нахустин мансабдорони баландпояи Русия аст, ки дар пайванд ба таҷовузи Маскав ба Украина равобитро бо Кремл бас кард.

XS
SM
MD
LG