Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ дар Душанбе доир мегардад


Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки аз 25-ум то 30-юми март дар Душанбе баргузор мешавад, иштироки беш аз 400 варзишгар аз 27 кишвари қора дар назар аст.

Мусобиқа миёни наврасони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, бузургсолон (мардон ва занон) ва варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегардад.

Зимнан, масъалаи баргузор кардани мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ соли 2022 дар Тоҷикистон моҳи июни соли гузашта дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Шайх Усома Аҳмад Ал-Шафар мувофиқа шуда буд.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани мусобиқаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 532 500 сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Барномаи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ


Тоҷикистон, 25-30 марти соли 2022

25-уми март (ҷумъа)

Мусобиқаи дастаӣ, мардҳо (24 км)
Мусобиқаи дастаӣ, занҳо (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, мардҳои имконияташон маҳдуд (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, занҳои имконияташон маҳдуд (24 км; 15 км)

26-уми март (шанбе)

Мусобиқаи инфиродӣ, мардҳо, U-23 (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, мардҳо, ҷавонон (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, занҳо, ҷавонон (15 км)

27-уми март (якшанбе)

Мусобиқаи инфиродӣ, мардҳо (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, занҳо (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, занҳо, U-23 (24 км)

28-уми март (душанбе)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61 км)

29-уми март (сешанбе)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111 км)

30-юми март (чоршанбе)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111 км)

XS
SM
MD
LG