Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ба «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон омодагӣ мебинад


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон. Акс аз сомонаи ФФТ
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон. Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки барои ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми Наврӯз-2022» рӯзи сешанбеи 22-юми март ба шаҳри Намангони Узбекистон расид, аввалин тамринашро бо сарварии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, дар варзишгоҳи “Динамо” баргузор кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон» 25 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – дохиланд. ки ҳашт нафарашон легионер мебошанд.

Ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз бошгоҳи «Персеполис»-и Эрон), нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев аз тими «Локомотив-Пловдив»-и Булғористон 21-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба даста пайвастанд.

Панҷ легионери дигар – ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев ва Зоир Ҷӯрабоев, нимҳимоятгарон Эҳсони Панҷшанбе ва Алишер Ҷалилов, ки дар бошгоҳҳои Узбекистон бозӣ мекунанд, инчунин ҳамлагар Шериддин Бобоев аз тими «Мактаарал»-и Қазоқистон ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Намангон ҳамроҳ шуданд.

Дар «Ҷоми Наврӯз-2022», ки рӯзҳои 25-29-уми март дар Намангон доир мегардад, чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ – Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Уганда – иштирок мекунанд.

Мусобиқа аз даври ниманиҳоӣ оғоз меёбад. Дар 1/2 финал мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март бо тими миллии Уганда вориди рақобат мешавад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ ҳамон рӯз дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Қирғизистон рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ғолибони нимфинал ба финали «Ҷоми Наврӯз-2022» роҳ меёбанд, мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм иштирок хоҳанд кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангони Узбекистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»-и Душанбе), Далерҷон Баротов («Хуҷанд»-и Хуҷанд);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»), Меҳрубон Каримов («Динамо», Душанбе);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»),

Кароматулло Саидов («Хуҷанд»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), Фатҳулло Олимзода («Динамо», Душанбе);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сармураббӣ Петр Сегрт (Хорватия).

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

25-уми март (ҷумъа)

16:00 – Уганда – Тоҷикистон

20:00 – Узбекистон – Қирғизистон

29-уми март (сешанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

20:00 – Финал

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG