Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходимони киштии марбут ба Путин маъмурони махсуси Русия будаанд


Киштии "Шаҳрзода"
Киштии "Шаҳрзода"

Ходимони киштии "Шаҳрзода", ки нархаш 700 миллион доллар арзёбӣ мешавад, ҳама кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия будаанд.

Ин далел метавонад исбот кунад, ки соҳиби киштии "Шаҳрзода" президенти Русия Владимир Путин аст. Дар ин бора дар таҳқиқоти тими мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний хабар дода шудааст.

Киштии 140-метрӣ соли 2020 дар обҳои Олмон ба шино баромад. Соҳиби киштӣ махфӣ нигаҳ дошта мешавад. Миёнаҳои моҳи марти имсол нашрияи The New York Times бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки мақомдорони амрикоӣ онро ба президенти Русия Владимир Путин рабт медиҳанд.

Нашрия навишт, киштӣ ду дафъа, тобистони соли 2020 ва 2021 ба Сочӣ шино кардааст. Путин дар Сочӣ қароргоҳ дорад ва бештари вақт онҷо истиқомат мекунад.

Тими Навалний тавонист, ки бо рӯйхати ходимони киштӣ ошно шавад. Ҳамаи ходимон, ба ҷуз нохудо, шаҳрванди Русия ҳастанд. Ходимон кормандони амалкунандаи Хадамоти федеролии муҳофизати Русия буданд.

Пештар аз ин нохудои киштӣ Гай Беннет-Пирс дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфта буд, ки Путин соҳиби "Шаҳрзода" нест ва президенти Русия ба киштӣ савор нашудааст. Нохудо нахост, соҳиби киштиро ошкор кунад.

Дар сурати исбот шудани он ки Путин соҳиби киштӣ аст, киштиро ба ҳабс хоҳанд гирифт. Зеро Иттиҳоди Аврупо зидди Путин таҳрим эълом кардааст. Айни замон киштӣ дар Тоскани Италия қарор дорад.

XS
SM
MD
LG