Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русҳои фирорӣ аз низоми Путин боиси гаронӣ дар Узбекистон шудаанд


Сайёҳон дар Бухоро. Акс аз соли 2018
Сайёҳон дар Бухоро. Акс аз соли 2018

Садҳо ҳазор шаҳрванди Русия ба далели ҷанг дар Украина ва буҳрони иқтисодие, ки дар пайи он ба миён омадааст, ватани худро тарк мекунанд. Бисёре аз онҳо ба Узбекистон ҷойгир шудаанд.

Муҳоҷирони меҳнатии узбекистонӣ, ки дар Русия бекор мондаанд, низ ба ватани худ бармегарданд. Омадани русҳо ба Узбекистон ва талаботи онҳо ба манзил нархи хонаҳои иҷораро дар шаҳри Тошканд якбора боло бурдааст.

Оҷонсҳои миёнарав барои киро кардани манзили иҷора мегӯянд, дар шаҳри Тошканд арзиши иҷора ба ҳисоби миёна дар ҳафтаҳои охир 15 дарсад боло рафтааст.

“Ибтидои моҳи феврал манзили иҷора дар ноҳияҳои арзонтарини шаҳри Тошканд 270 доллар арзиш дошт, ҳоло ба 300 доллар расидааст. Дар ноҳияҳои гаронтари Тошканд пештар манзили иҷора ба ҳисоби миёна наздик ба 500 доллар пешниҳод мешуд, ҳоло ба 1000 доллар расидааст,” -- гуфт Лидия Назарова, масъули як оҷонси миёнарав дар киро кардани манзил.

XS
SM
MD
LG