Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав фаъолияти соҳиби Facebook ва Instagram-ро "экстремистӣ" номид


Додгоҳи Твер дар Маскав фаъолияти ширкати амрикоии Meta-ро "экстремистӣ" донист ва фаъолияташро дар ҳудуди Русия манъ кард.

Шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram, ки ба "Меtа" тааллуқ доранд, низ мамнуъ шуданд, вале WhatsApp на.

Қарори додгоҳ рӯзи 21-уми март эълон шуд ва бояд фавран ба иҷро дарояд.

Намояндаи ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия, дар ҷаласаи додгоҳӣ гуфтааст, "фаъолияти созмон алайҳи Русия ва нерӯҳои мусаллаҳи он нигаронида шудааст."

Сухан дар бораи қоидаҳои нави Meta меравад, ки ба корбарон аз Украина имкон медиҳад, алайҳи артиши Русия суханони бадбинона нависанд. Ширкат мегӯяд, ин ҳолат истисноӣ аст.

XS
SM
MD
LG