Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози соли нави хуршедӣ. Мухолифати Толибон бо таҷлили расмии Наврӯз


Дар ҳоле, ки ҷашни Наврӯз дар ҳама кишварҳои ҳавзаи ин ҷашни бостонӣ ба таври бошукӯҳ таҷлил мешавад, дар Афғонистон, ки хостгоҳи Наврӯзи Аҷам гуфта мешавад, хабаре аз баргузории расмии он нест. Толибон, ки тобистони соли гузашта дар Афғонистон ба қудрат расиданд, гуфтаанд, ки монеи мардум намешаванд, аммо Наврӯзро "таҷлил" нахоҳанд кард.

Муҳаммадюнус Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати кор ва умури иҷтимоии ҳукумати Толибон ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ки имрӯз, душанбеи 21-уми март рӯзи аввали сол аст, вале рухсатии умумӣ нест.

Абдулаҳад Имод, як масъули вазорати фарҳанги ҳукумати Толибон ҳам ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ки "мо Наврӯзро расман баргузор намекунем, аммо пеши роҳи мардумро Наврӯзро намегирем, ки ин рӯзро баргузор кунанд".

Аз ин қабл, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ба бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфта буд, ки монеи баргузории маросими Наврӯз аз сӯи мардум намешавад, аммо ҳукумати онҳо Наврӯзро таҷлил нахоҳад кард. Ӯ гуфтааст, "ҳар маросимеро, ки дар ислом нест, мо таҷлил намекунем".

Дар замони ҳокимияти қаблии Толибон дар солҳои 1996-2001 ҳам таҷлили Наврӯз дар Афғонистон манъ шуда буд. Аммо дар ду даҳаи ахир, ҷашнҳои наврӯзӣ дар Балх ҳар сол бошукӯҳтар баргузор мешуд ва Наврӯз таътили расмӣ буд.

Дар ҳамин ҳол, дар кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз, ин ҷашн ба таври бошукӯҳ таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон имсол мардум дар рӯзҳои наврӯзӣ як ҳафта ва дар Эрон ду ҳафта таътил доранд.

Ба иттилои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, имсол Наврӯзи Аҷам дар қаламрави Тоҷикистон соати 20:30-и 20-уми март фаро расид. Ба муносибати ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар чорабиниҳои идона дар назар аст. Ҷашни асосии Наврӯз дар Тоҷикистон имсол дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳузури 15 ҳазор нафар баргузор мешавад.

Дар назар аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ин маросим ширкат кунад. Дар пойтахт низ баргузории карнавали наврӯзӣ ва мусобиқаи гӯштии миллӣ дар назар аст. Ду соли ахир сокинони Тоҷикистон бо сабаби маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус натавонистанд ҷашни Наврӯзро оммавӣ таҷлил кунанд.

ЮНЕСКО -- Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид соли 2016 дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳрасти Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард.

Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.

XS
SM
MD
LG