Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Покистон Имрон Хон бо хатари барканорӣ рӯбарӯ шудааст


Имрон Хон, нахуствазири Покистон
Имрон Хон, нахуствазири Покистон

Порлумони Покистон рӯзи 25-уми март мавзӯи нобоварӣ алайҳи Имрон Хон, нахуствазири ин кишварро баррасӣ мекунад.

Ин сахттарин имтиҳон барои Имрон Хон аз замони ба қудрат омаданаш дар соли 2018 мебошад.

Мухолифин ӯро барои нодуруст идора кардани давлат, мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсати хориҷӣ танқид мекунанд.

Бисёриҳо бар ин назаранд, ки бо эҳтимоли зиёд порлумон мақоми Имрон Хонро лағв мекунад.

Имрон Хон, як ҳомии сарсахти гурӯҳи Толибон дар Афғонистон дониста мешавад. Ӯ борҳо аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, хоста буд, ки Толибонро дар Афғонистон ба расмият бишносанд.

XS
SM
MD
LG