Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022, ки бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи “Хатлон”-и Бохтар ба поён расид, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 18-уми март дар Гулистон баргузор шуд, дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Равшан»-и Кӯлоб барои ҷоизаи аслӣ мубориза бурданд.
Замони асосии бозии ҳалкунанда бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналти кори футболбозони «Хатлон» омад кард ва онҳо бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд тими «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Нуриддин Ҳамроқулов, ҳамлагари дастаи «Хатлон», беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуд.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон сар аз соли 2019 бори чаҳорум баргузор шуд. Аввалин барандаи Ҷом ССКА (КМВА – Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе мебошад. Соли 2020 ин ҷоиза насиби дастаи “Истаравшан” шуда буд. Соли гузашта дастаи “Файзканд”-и Восеъ, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон гардид.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022
Бозӣ барои ҷойи сеюм
«Эсхата» – «Истаравшан» - 3:2
Голҳо: Акрам Баҳриддинов, 19 (0:1). Иброҳим Эшонхонов, 33 (1:1). Дилшод Хушбаков, 39 (2:1). Абдулмуъмин Забиров, 64 – аз пеналти (3:1). Отабек Зокиров, 75 (3:2).
Аз майдон хориҷ шуданд: Рустам Сабуров («Эсхата»), 9 – барои таҳқири ҳариф, Фирӯз Қараев («Истаравшан»), 9 – барои таҳқири ҳариф.
Беҳтарин бозигари дидор: Иброҳим Эшонхонов («Эсхата»).
Финал
«Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:2
Голҳо: Умарҷон Шарипов, 19 (1:0). Абдухалил Боронов, 52 (1:1).
Аз майдон хориҷ шуданд: Жан Гатен НД («Хатлон»), 39 – барои таҳқири сардовар, Равшан Азизов («Хатлон»), 61 – барои корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозигари дидор: Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Онхоро Сталин не, балки раисони "ланг"-и хамонвактаи точики худамон "душмани халк" хисобиданд! Барои мансаб, вазифа, рашк, хасад ва гайраю гайра.... Афсус, Сталин душманони асоси халкро нест карда натавонист.
Агар зинда мемонд чизе рушан мешуд, мисли казияи муовини вазири мудофиа Назарзода бисёр сирхо ин даъва низ зери хок рафтанд. Вале то кай?
Россия
Душанбе монополия. Дар казокистон орда бо сомони 170 сомони мешавад.вакте шар номарди шид байни давать бояд то точикистон нархи як линга орда 170 сомони бошад.дар кучо аст инсоф .дар боли як линга орда 170 сомони дигар зам мешавад.аз худо тарсед.
Душанбе