Рӯзҳои 19-20-уми март дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе мусобиқаи XI қаҳрамонии Осиё оид ба кураш баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа иштироки варзишгарони беш аз 20 кишвари Осиё дар назар аст. То ҳоло дастаҳои Тайпейи Чин, Кувайт, Тайланд, Индонезия, Ҳиндустон, Муғулистон ва Эрон ба Душанбе омадаанд.
Дар доираи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё имрӯз, 18-уми март, дар меҳмонхонаи “Hilton” иҷлосияи Конфедератсияи кураши Осиёву Уқёнуси Ором доир мегардад. Дар иҷлосия масъалаҳои рушди кураш дар қора, қабули Оинномаи нави Конфедератсия ва федератсияҳои ҷадид ба аъзогӣ баррасӣ мешавад.
Президенти Конфедератсияи гуштии Осиёву Уқёнуси Ором Комил Розиев, раҳбари Ассотсиатсияи байналмилалии гуштӣ Мансур Мирзоев ва гурӯҳи ашхоси расмӣ барои ширкат дар ин чорабинии муҳим ба Душанбе омаданд.
Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ ва дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе пешвоз гирифтанд.
Мусобиқаи мазкур як марҳилаи омодагӣ ба Бозиҳои осиёӣ мебошад, ки моҳи сентябри имсол дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин доир мегардад.
Мусобиқа дар маҷмааи универсалии варзишии Душанбе, ки соли 2020 ба истифода дода шуд, баргузор мешавад. Толори ин маҷмаа, ки дар кишвар бузургтарин аст, барои тамошобинон се ҳазор ҷойгоҳ дорад.
Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз–2022 сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ байни мардон ва занон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор мешавад.
Мусобиқаи гуштигирӣ, ки дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир мегардад, миёни мардҳо аз рӯи 5 вазн -60 кг, -70 кг, -80 кг, -90 кг, +90 кг ва миёни занон аз рӯи 3 вазн -52 кг, -70 кг, -87 кг сурат мегирад.
Ғолибон миёни мардҳо дар ҳар як вазн бо шоҳҷоиза – автомобил қадрдонӣ мешаванд. Ҷоизадорон миёни мардҳо ва ғолибону ҷоизадорон миёни занон бо мукофоти пулӣ сарфароз хоҳанд шуд.
Дар сабқати мардон барандагони медали нуқра 38646 сомонӣ, барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ, дар сабқати занон барандагони медали тилло 38646 сомонӣ, барандагони медали нуқра 25764 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ мегиранд.