Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони се кишвари аврупоӣ ба Украина мераванд


Петр Фиала
Петр Фиала

Сарвазирони Чехия, Лаҳистон ва Словения рӯзи 15-уми март ба Киев рафта, ҳимояташонро аз Украина эълон мекунанд.

Петр Фиала, сарвазири Чехия, дар Твиттер навишт, онҳо бо Влдаимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва нахуствазири он кишвар дидор хоҳанд кард.

Фиала навишт, ки ҳадафи сафар нишон додани пуштибонии ошкори Иттиҳоди Аврупо аз Украина ва истиқлоли он аст.

Сафар дар ҳоле анҷом мешавад, ки Русия ба ҳамлаҳояш дар Украина идома медиҳад. Нерӯҳои Русия шаби гузашта чанд минтақаро дар Киев бомбаборон карданд.

XS
SM
MD
LG