Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 2-14-уми март дар шаҳри Уммони Урдун баргузор шуд, варзишгарони тоҷик 8 медал (2 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи қитъавӣ беш аз 350 варзишгар аз 21 кишвари қора – Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Кувайт, Қазоқистон, Қирғизистон, Лубнон, Муғулистон, Непал, Покистон, Сурия, Тайланд, Тоҷикистон, Узбекистон, Урдун, Фаластин, Филиппин, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Эрон ва Яман - ширкат доштанд.
Дар сабқати наврасон варзишгарони солҳои таваллудашон 2006 ва 2007, дар сабқати ҷавонон варзишгарони солҳои таваллудашон 2004 ва 2005 иштирок карданд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 21 варзишгар (10 нафар миёни наврасон ва 11 нафар миёни ҷавонон) дохил буд.
Рӯзи 13-уми март қувваозмоиҳои ниҳоӣ миёни наврасон баргузор шуд. Муштзани тоҷик Анушервон Фозилов, ки дар вазни то 46 кило аз намояндаи Ҳиндустон Криш Пал шикаст хӯрд, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Миёни наврасон се варзишгари дигари тоҷик – Руслан Ғафуров (-57 кг), Рустамҷон Ашуров (-60 кг) ва Ҳангома Исоева (-57 кг) - медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Рӯзи 14-уми март қувваозмоиҳои ниҳоӣ миёни ҷавонон доир гардид. Варзишгари тоҷик Абдураҳим Ёқубов, ки дар вазни то 60 кило аз Алмаз Орозбекови қирғизистонӣ мағлуб гашт, бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Дар сабқати ҷавонон се намояндаи Тоҷикистон - Юсуф Фозилов (-71 кг), Нурланбек Эрматов (-75 кг) ва Акмалҷон Абдувалиев (-86 кг) - бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки рӯзҳои 22-29-уми январ дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, 11 медал (1 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 нафар ба финал роҳ ёфта, як нафар медали тилло гирифт. Муштзани ҷавони тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило бар рақибаш Рустам Урусбек уулу аз Қирғизистон ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.
Эй хамватанон миллати ман хор шудаст Айби дигарон ба гарданаш бор шудаст Эй хамнафасон санги газабро шиканед Хоки Ватанам зи мурда безор шудаст ******** Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд, Дар кишвари хунинкафанон раҳ накушояд. Булбул ба чаман нағмаи шодӣ насарояд, Мотамзадагонро лаби пурханда нашояд. Хун медамад аз хоки шаҳидони Ватан, вой Эй вой Ватан, вой!
Изаат Аммон озоди мехохем со
Ethnic cleansing is well underway.
Талаби адолат гуноҳ нест, аммо роҳро баста ба дигарон мушкили эҷод кардан, бар зидди кормандони мақомот муқовимати мусалаҳона нишон додан ҷиноят аст, дар Фаронса ҳам Жилетони Зардпӯшро пулис бо тирҳои резини, дубинка ва гази ашковар зада пароканда кард, ҳатто журналистҳоро ҳам заданд. Умуман дар тамоми ҷаҳон пеши роҳи ингуна бетартибиро бераҳмона мегиранд.
сафирони гарби факат "изхори нигарони" мекунанду халос - ба мисли пешина ба хукумати Рахмон милионхо кумак мекунанд то ки мисли афгонистон нашавад... ин бармеояд ки онхо душмани халки точиканд ва дусти рахмон