Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урун Кӯҳзод: "Аз худ мепурсам, барои кӣ менависам?" САДО


Урун Кӯҳзод. Шаҳри Душанбе, 14-уми марти 2022
Урун Кӯҳзод, нависандаи халқӣ ва муаллифи романи “Ҳайҷо”, мегӯяд, бозори адабиёт дар Тоҷикистон касод шудааст ва ба сабаби набудани минбару майдон дигар эҷод намекунад. Ӯ рӯзи 15-уми март 85-сола мешавад. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо ин баҳона бо нависанда суҳбат кард ва дар оғоз пурсид, ки ҳоло чӣ кор мекунад?

Урун Кӯҳзод: “Машғули кор нестам. Кори давлатӣ надорам.”

Радиои Озодӣ: Эҷод чӣ?

Урун Кӯҳзод: “Масъалаи эҷод, хондан ҳасту навиштан нест.”

Радиои Озодӣ: Чаро?

Адабиёт чизест, ки аз маҷозҳо иборат мебошад. Муҳим нест, ки воқеа кадом сол рух додааст. Модоме, ки маҷоз аст, ҳодисаҳо ба ҳама солҳо дахл доранд.

Урун Кӯҳзод: “Сабабҳои бисёр дорад. Сабаби асосиаш ин аст, ки минбар ва майдон нест.”

Радиои Озодӣ: Яъне?

Урун Кӯҳзод: “Яъне барои кӣ менависед? Ба кӣ даркор? Кӣ ҳавасманд аст? Бозори адабиёт касод шудааст.”

Радиои Озодӣ: Ба ин мазмун, ки китоб навиштеду нашр шуд, вале хонанда надорад?

Урун Кӯҳзод: “Муҳим, албатта, навиштан аст, лекин андешаи дигаре низ ҳаст, ки барои кӣ менависед? Кӣ ба ҳамин навиштаҳои Шумо эҳтиёҷ дорад? Ин масъала душвортар аст.”

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, мардуми Тоҷикистон ҳоло чандон китобхон нестанд?

Урун Кӯҳзод: “Не, агар дастрас шавад, мехонанд, лекин зарурати умумӣ нест.”

Радиои Озодӣ: Китобҳои Шумо ҳамчунон талабгор доранд, вале ин дилсардӣ аз куҷост?

Урун Кӯҳзод: “Суоли мураккаб аст. Ҳар коре, ки одам мекунад, аз он умеде дорад. Дарахтеро шинонад, умед мекунад, ки рӯзе он гул мекунаду мева меорад ва мардум мехӯранду шикамашон сер мешавад. Мақсад аз навиштан рост кардани як каҷии зиндагӣ аст. Ё бедор кардани шахсест, ки дар хоб мондааст. Ё беодоберо ба одоб талқин кардан. Ба ҳамин умедҳо менависед. Вале мебинед, ки зӯри Шумо беҳуда аст. На як хоббурдаро бедор, на як каҷиро рост ва на як бефаросатро бофаросат карда тавонистем.”

Радиои Озодӣ: Магар Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, ки масъули танзими кори адибон аст, наметавонад дар роҳи таъсиргузор ва нишонрас будани эҷоди нависандагон иқдоме рӯи даст бигирад?

Урун Кӯҳзод: “Ин ба кори худи иттифоқ вобаста аст. Ҳоло мо дар шароите зиндагӣ мекунем, ки ҳама ташкилоти эҷодӣ сарпаноҳ надоранд. Ҳар кас ба андешаи худ, парешон. Як низоми муайяне, ки масалан, фарҳанг куҷо меравад, адабиёт куҷо рафта истодааст, журналистика куҷо меравад, нест.”

Суҳбатро дар инҷо бишнавед:

Кӯҳзод: "Дар Тоҷикистон минбар ва майдон нест"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:01 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Дар гузашта ҳар сухани адиб вазн дошту таъсирбахш буд, чаро, ба назаратон ҳоло ин тавр шудааст?

Урун Кӯҳзод: “Ин ба сиёсат ва идеологияи давлат вобаста аст. Дар давраи Шӯравӣ анъанае буд. Аз панҷоҳсолагӣ сар карда, ҷашнвораи шахсеро, ки дар адабиёт заҳмат мекашид, таҷлил мекарданд. Дар ин ҷашнҳо Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг, Институти забон ва адабиёт ва Академия шарик мешуданд. Ба унвони мисол, Институти забон ва адабиёт медонист, ки то замони ин ҷашн чӣ корҳоеро бояд анҷом диҳад. Вазорати маданият ҳам. Нашриёт як китоб ё асарҳои мунтахаби адибро нашр мекарданд. Ҳоло аз байн рафтааст. На дар панҷоҳсолагӣ асарҳои мунтахаб нашр мешаванду на дар шастсолагӣ ва на дар яксаду бистсолагӣ.”

Радиои Озодӣ: Яъне, гуфтаниед, дар остонаи ҷашни ҳаштоду панҷсолагиатон ҳеч нашриёте ё ҳукумат барои нашри асарҳоятон иқдом накарданд?

Урун Кӯҳзод
Урун Кӯҳзод

Урун Кӯҳзод: “Ҳеч коре накарданд ва ҳеч ниҳоде ба ин ҷашн шарик ҳам нашудааст. Барои ҳамин, метавонед хулоса бароред, ки ин ҷашнҳо ба маҷлиси профсоюзӣ монанд шудаанд. Аз рӯи вазифаашон тақвим доранд, ҷашнро ба нақша мегиранд ва чаҳор донишҷӯро дар як толор ҷамъ карда, баргузор кардем мегӯянд ва мераванд. Лекин ба маънии пуррааш ин ҷашн нест, охир. Ин тарзи баргузории ҷашн мисли як маҷлиси муқаррариест, ки онро метавон ҳар рӯз баргузор кард.”

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, ин камбуди мақомоти давлатӣ аст ё роҳбарияти Иттиҳоди адибон?

Урун Кӯҳзод: “Иттифоқи нависандагони мо як ташкилоти дастнигар аст. Ба инҳо агар аз дастгоҳи президент ҳар чизе гӯянд, ҳамонро мекунанд. Пас, метавон гуфт, ки дар ин кор аз дастгоҳи президент сар карда, то Иттифоқи нависандагон шарик ҳастанд.”

Радиои Озодӣ: Аз номгӯи асарҳои Шумо чунин бармеояд, ки ба мавзуъҳои таърихӣ таваҷҷуҳ доред. Аз ҷумла, дар бораи ғасби Аморати Бухоро аз сӯи Русия. Дар ҳоле ки мушкилоти зиндагии ҳозираи тоҷикон кам нест, чаро ба мавзӯи таърихӣ рӯй овардед?

Урун Кӯҳзод: “Адабиёт чизест, ки аз маҷозҳо иборат мебошад. Муҳим нест, ки воқеа кадом сол рух додааст. Модоме, ки маҷоз аст, ҳодисаҳо ба ҳама солҳо дахл доранд. Фарз кардем, латифае, ки дар асри дувоздаҳ гуфта шудааст, ба воқеияти имрӯза низ дахл дорад. Як деҳқон назди қозӣ рафта, арз мекунад, ки говҳо ҷанг карда, яке дигариро зада куштааст. Қозӣ мегӯяд, хайр, гов ҳайвон-да, зада куштааст, акнун чӣ кор мекунӣ? Деҳқон мегӯяд, мебахшед, тақсир, лекин гови ман гови Шуморо зада куштааст. Қозӣ мегӯяд, дар ин сурат кор дигар хел мешавад, гов соҳиб дорад, соҳибаш говро бояд нигоҳубин кунад, ки ба дигарон халал нарасонад. Ин як латифаи қадимӣ аст, вале он куҳна нашудааст. Дар атрофи мо низ чунин ҳодисаҳо зиёд ҳастанд.”

Радиои Озодӣ: Аммо ғасби Аморати Бухоро аз сӯи Русия бо воқеиятҳои мо чӣ иртиботе дошта метавонад?

Урун Кӯҳзод: “Дар солҳои 70-80-ум ақидае буд, ки тоҷикон барои инқилоб кардан нақши барҷастае надоранд. Инқилобро дигарон карда, ба Тоҷикистон оварданд ва ин кишвар ба марҳилаи сотсиализм гузашт. Ба хулосае омадам, ки бояд қаҳрамонеро пайдо кард, ки қабл аз инқилоб қаҳрамонӣ карда, баъд аз он низ иштироки фаъолона дорад. Яъне, тоҷикҳо ин озодиро муфт нагирифтаанд. Чунин қаҳрамоне дар адабиёти мо то ҳол набуд. Чунин қаҳрамонро дар Самарқанд бо номи Дузди Намоз – Пирумқулов Намоз пайдо кардам. Ин одам 10-15 бор аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ ҳабс ва бадарға шудааст. Вале ҳар дафъа аз маҳбас гурехта, ба ватанаш баргашта, ҳамон шуғлашро идома медодааст. Кораш аз ин иборат будааст, ки ҳамаи ситамгарони маҳаллиро ғорат карда, дороиҳояшонро ба мардуми оддӣ медодааст. Ҳангоми омӯзиши мавзуъ ба натиҷае расидам, ки муҳити онвақтаи манғитиҳо воқеан як муҳити хеле ақибмонда буд, бедории фикрӣ тақрибан вуҷуд надошт. Яъне, муҳите буд, ки мардум заминаи эътирозу инқилоб карданро надоштанд. Он солҳо мо ҳатто сипоҳи мунтазам ҳам надоштем.”

Радиои Озодӣ: Вале агар ҳоло дубора ба эҷодиёт рӯй овардед, чӣ мавзуъҳоеро мехостед пайгирӣ кунед?

Урун Кӯҳзод: “То ҳол ба ҳар мавзӯе, ки даст задаам, ба андешаи худам, биёр муҳим буданд. Барои саҳифаро пур кардан эҷод накардаам. Ҳаракат кардам, ки мардум тавонанд дарди дили худро бигӯянд. То куҷо муваффақ шудам дар ин кор танҳо хонанда метавонад қазоват кунад. Вале агар дубора ҷавон мешудему ин дарди дилҳоро мегуфтем, беҳтар мегуфтам.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло назарҳое вуҷуд доранд, ки солҳои охир адабиёти тоҷик, бахусус, насри тоҷик то андозае коста шудааст. Солҳои пешин хонандаҳо ҳар як шумораи “Адабиёт ва санъат” ва “Садои Шарқ”-ро интизор мешуданд. Дар миёни насрнависони ҷавон чеҳраҳои ҷолибе дида намешавад, дар ин бора чӣ мегӯед?

Урун Кӯҳзод: “Барои чунин хулоса баровардан бояд аз тамоми муҳити адабии кишвар огаҳӣ доштан даркор аст. Ду-се соли ахир аслан иттилоъ надорам, ки дар Хуҷанд чӣ асарҳое нашр шудаанд ё дар Кӯлоб. Ҳатто дар Душанбе ҳам нашриёти хусусӣ пайдо шудаанд ва мардум дар он ҷо китобҳояшонро нашр мекунанд. Рости гап, ҳамаи онҳоро намедонам, чунки бо муаллифонашон ҳамсуҳбат нашудаам. Лекин сатҳи имрӯзаи насри мо хеле футур рафтааст, ин дуруст мебошад. Сабабҳояш чӣ бошад, намедонам. Ин корҳоро бояд ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ё маҷаллаи “Садои Шарқ” кунанд. Ҳамон мардумро ҷамъ овардан, асарҳои хубро интихобу нашру паҳн кардан вазифаи ҷонии ин нашрияҳо мебошад. Мутаассифона, онҳо ин корро намекунанд. Фикр мекунам, дар утоқҳо нишаста, ҳар чизе, ки пеш омад, ҳамонро нашр мекунанд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки барои пур кардани маҷалла асарҳои чанд сол пеш чопшударо дубора нашр мекунанд. Нашрияҳои мо танбал шудаанд ва гуё нестанд.”

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG