Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони футболбози тоҷик аз тими Эрон 11 гол хӯрданд


Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-18) дар даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки рӯзи якшанбеи 13-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, аз тими Эрон бо ҳисоби бузурги 0:11 шикаст хӯрд. Дар ин мусобиқа чаҳор дастаи мунтахаб аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок доранд.

Бозии дигари даври дуюми мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаҳои мунтахаби духтарони Қирғизистон (U-18) ва Узбекистон (U-18) бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.

Ёдовар мешавем, дар нахустин даври мусобиқа дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-18) бозиро ба тими Қирғизистон (U-18) бо ҳисоби 0:1 бохта буд. Дар бозии дигар мунтахаби Эрон (U-18) ба дастаи Узбекистон (U-18) бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа мунтахаби Эрон бо шаш имтиёз дар ҷадвал пешсафи ягона аст. Дастаи Қирғизистон бо чаҳор имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Мунтахаби Узбекистон бо як имтиёз ҷойи сеюмро азони худ кардааст. Мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Дар даври сеюми мусобиқа, ки рӯзи сешанбеи 15-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, мунтахаби Тоҷикистон (U-18) муқобили тими Узбекистон (U-18) бозӣ мекунад. Пеш аз ин дидор дар ин варзишгоҳ тимҳои Эрон (U-18) ва Қирғизистон (U-18) рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-18)

Даври 1-ум

11-уми март (ҷумъа)

Тоҷикистон Қирғизистон 0:1

Гол: Аяна Каратаева, 55.

Узбекистон – Эрон – 0:1

Гол: Нигин Зандӣ Дареҳ Ғарибӣ, 35.

Аз майдон хориҷ шуданд: Севинч Қучқорова (Узбекистон), 65 – корти 2-юми зард, Лайло Рустуллоева (Узбекистон), 79 – корти 2-юми зард.

Даври 2-юм

13-уми март (якшанбе)

Эрон – Тоҷикистон – 11:0

Голҳо: Нигин Зандӣ Дареҳ Ғарибӣ, 7 (1:0). Соро Дидор, 26 (2:0). Нигин Зандӣ Дареҳ Ғарибӣ, 34 (3:0). Ҳастӣ Фурӯзанда, 45+2 (4:0). Саида Заҳро Маъсуми Қотеҳсарӣ, 55 (5:0). Саида Заҳро Маъсуми Қотеҳсарӣ, 62 (6:0). Нигин Зандӣ Дареҳ Ғарибӣ, 71 (7:0). Нигин Зандӣ Дареҳ Ғарибӣ, 73 (8:0). Саида Заҳро Маъсуми Қотеҳсарӣ, 75 (9:0). Кимиё Кофӣ, 85 (10:0). Муқаддаси Зулфӣ, 89 (11:0).

Аз майдон хориҷ шуданд: Бибиоиша Исҳоқова (Тоҷикистон) ва Фотима Пасандида (Эрон).

Қирғизистон Узбекистон – 1:1

Голҳо: Асем Турғумбоева, 31 (1:0). Ойдиной Турғунова, 65 (1:1)

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

2

2

0

0

12-0

6

2

Қирғизистон

2

1

1

0

2-1

4

3

Узбекистон

2

0

1

1

1-2

1

4

Тоҷикистон

2

0

0

2

0-12

0

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

14:00 – Эрон – Қирғизистон

17:00Тоҷикистон – Узбекистон

XS
SM
MD
LG