Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 12-13-уми март дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳудуди 180 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат варзида, дар 7 вазн миёни мардҳо рақобат карданд.
Варзишгарони Душанбе дар панҷ вазн (-60, -66, -73, -81 ва – 100 килограмм) ғолиб шуданд. Дар ду вазни дигар - -90 кг ва + 100 кг – намояндагони шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтанд.
Чунончи, паҳлавони машҳури тоҷик Темур Раҳимов аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар вазни сангинтарин дар қувваозмоии ниҳоӣ Одил Сафарови душанбегиро мағлуб кард, бо медали тилло сарфароз гашт.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни бузургсолон:
Мардҳо:
-60 кг
1. Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (Душанбе-2)
2. Меҳрзод СӮФИЕВ (Душанбе)
3. Идибеки АМИРШО (Душанбе-1)
3. Муҳаммадризо ҚУВВАТОВ (Душанбе-2)
-66 кг
1. Нуралӣ ЭМОМАЛӢ (Душанбе)
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (Душанбе)
3. Абубакр ШЕРОВ (Душанбе-2)
3. Баҳром СӮФИЕВ (Хатлон-2)
-73 кг
1. Муҳаммад НАҶМИДДИНОВ (Душанбе-2)
2. Наврӯз КАРИМЗОД (Душанбе)
3. Субҳиддин ХАЛИЛЗОДА (Душанбе-2)
3. Муҳаммадисо РАҶАБОВ (Душанбе-2)
-81 кг
1. Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ (Душанбе-2)
2. Шодмон РИЗОЕВ (Душанбе)
3. Эраҷ АБДУЛЛОЕВ (ВМКБ)
3. Ҳайдар САИДКАБИРЗОДА (Душанбе)
-90 кг
1. Ҳақназар НАЗАРОВ (ШНТМ)
2. Кароматулло ҲАКИМОВ (Душанбе)
3. Хусрав АЛАМОВ (ШНТМ)
3. Суннатулло ЛОИҚОВ (Душанбе-1)
-100 кг
1. Раҳмон МАНСУР (Душанбе)
2. Исроил РАҲИМОВ (Душанбе)
3. Абубакри АКОБИР (Душанбе)
3. Эмомризо АНВАРЗОДА (Душанбе-2)
+100 кг
1. Темур РАҲИМОВ (ШНТМ)
2. Одил САФАРОВ (Душанбе)
3. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ (Душанбе)
3. Суҳробҷон МАҲМАДАЛИЕВ (ШНТМ)